ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин 

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин 

20 май 2024, Душанбе
14
0
19-уми май дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин, роҳбари дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ, вазири корҳои хориҷии Чин  Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гашт. 
 
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатиро баррасӣ намуданд. Дар мулоқот мувофиқа шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.
 
 
Машварати корӣ дар Маҷлиси намояндагон 
17-уми май таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоб машварати корӣ баргузор гардид. 
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар машварат ба масъалаи назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани нақши Палатаи ҳисоб дар ин самт изҳори назар шуд.
 
 
Ҷаласаи прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои СҲИ 
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд. 
Дар Прокуратураи генералӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҷиноятҳои фаромиллии муташаккилро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид намуданд, ки барои муборизаи беамон ба муқобили ин таҳдиду хатарҳои торафт афзоянда зарур аст, ҳамкории ҳуқуқиро байни сохторҳои судӣ тақвият дода, роҳҳои расондани кумакҳои ҳуқуқӣ васеъ шаванд.
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив