Суханронии Қоҳир Расулзода дар Форуми ҷаҳонии об
«20-уми май ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар 10-умин Форуми ҷаҳонии об, ки дар шаҳри Балии Индонезия баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд»,– иттилоъ додааст АМИТ «Ховар».
Зимни суханронӣ Сарвазир бо ишора ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бахши об ва ҳифзи муҳити зисту пиряхҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуд, ки дар шаҳри Душанбе 10-13-уми июни соли ҷорӣ Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мешавад.
Иштироки муовини Сарвазир дар ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кори холӣ
20-уми май дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кори холӣ баргузор шуд, ки дар он муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ иштирок дошт.
Аз Донишгоҳ ба мо иттилоъ доданд, ки ярмарка бо ҷалби корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ дар мувофиқа бо сохторҳои гуногуни давлатӣ ташкил гардид. Ҳамзамон, муовини Сарвазир дар ифтитоҳи Озмуни IV ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон сухан гуфт.
Нахустин вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Остона нахустин вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии котиби Шурои амнияти ҷумҳурӣ Насрулло Маҳмудзода, инчунин, намояндагони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Ёддошти тафоҳум байни мақомоти нақлиёти Тоҷикистону Тотористон
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористони Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.
Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи санад рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои тарафҳо барои ташкили корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Раиси Шурои миллии Конфедератсияи Швейтсария Эрик Нусбаумер мулоқот намуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария дар самтҳои тағйирёбии иқлим, обу энергетика, «иқтисоди сабз» ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Кишти зироатҳои баҳорӣ дар майдони зиёда аз 390 ҳазор гектар
Тибқи нақша, имсол дар Тоҷикистон дар 440 ҳазору 727 гектар кишти баҳории зироат гузаронда мешавад.
То нимаи аввали моҳи май дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар зиёда аз 390 ҳазор гектар кишт гузаронда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.
«Тоҷикистон ва Ҷопон – уфуқҳои ҳамкории сармоягузорӣ дар «иқтисоди сабз»
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти чунин унвон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва ИДМ ба таври маҷозӣ Форуми тиҷоратӣ баргузор намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форум роҳбарону масъулони вазорату идораҳои давлатӣ, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфуз аз Тоҷикистон ва Ҷопон, дар маҷмуъ беш аз 200 нафар, иштирок намуданд.
Баргузории Фестивали баҳори Осиёи Марказӣ
Ҳунармандони Тоҷикистон дар Фестивали баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.
Тавре ба мо аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, рӯзҳои 18-19-уми май дар шаҳри Сеул бо дастгирии Бунёди Корея ва котиботи Форуми ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея Фестивали баҳори Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Дар фестивал гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Манучеҳр Раҳмонов, Фарангис Қосимова ва Муҳаммад Азимзода ҳунарнамоӣ намуданд.
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)