СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН ВА МУРАТ НУРТЛЕУ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОНРО МУҲОКИМА НАМУДАНД
21-уми май дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии СҲШ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу мулоқот дошт.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду давлат ва раванди омодасозии бахши мундариҷавии тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олиро мавриди муҳоқима қарор доданд.
АМИТ "Ховар"
МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ ХБА БО БОНУВОНИ ПЕШСАФ
Дар доираи сафари кории ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” суҳбати озоди директори иҷроияи ХБА хонум Кристалина Георгиева бо занону бонувони фаъоли ҷамъиятӣ ва давлатӣ баргузор гардид.
Меҳвари асосии суҳбат иборат буд аз масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла дар оила ва бозори меҳнат, таъсири он ба рушди иҷтимоӣ, муҳимият ва мақсадҳои асосии баробарии гендерӣ, инчунин, дигар андешаҳои ҷолибу созандаи бонувони фаъол вобаста ба рушду нумӯи кишвар.
Зикр бояд кард, ки дар мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода, муовини якуми вазири адлия Нигина Ализода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва дигар бонувони фаъолу пешсафи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)