ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. "АНЗУР" БЕҲТАРИН ТАРАБХОНА ЭЪТИРОФ ГАРДИД

ДУШАНБЕ. "АНЗУР" БЕҲТАРИН ТАРАБХОНА ЭЪТИРОФ ГАРДИД

23 май 2024, Панҷшанбе
29
0
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона»-ро ҷамъбаст кард. Озмуни мазкур дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтар гардондани сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ шуда буд.
Дар оғози маросими қадрдонии ғолибон муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сокинону меҳмонони пойтахт суханронӣ намуда, ғолибони озмунро табрик намуд.
Дар асоси низомномаи озмун тарзи дастархонороӣ, хизматрасонӣ, муносибати пешхизматону масъулони тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон, истифодаи санъати баланди ороишӣ, маҳорати сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Ҳамин тариқ, намояндагони тарабхонаҳои “Бухоро”, “Оилавӣ”, “9-Вал” ва “Дидор”, “Султонбей”, “Насими баҳор”, “Парфенон”, “Яккачинор”, “Осмон”, “Шах” барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона» тарабхонаи «Анзур» дониста шуда, бо ҷоизаи пулӣ, ҷом ва диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардид. Ҳамчунин, Ҷамшед Ҷомиев – беҳтарин менеҷер, Суннатулло Асоев – беҳтарин пешхизмат, Болтахон Парпиев – беҳтарин ошпаз эътироф гашта, тарабхонаи “Насими баҳор” дар номинатсияи “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” ғолиб дониста шуд.
 
Л. ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив