ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. МУЛОҚОТ БО САРМОЯГУЗОРОНИ ЧИНӢ ҶИҲАТИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

ХАТЛОН. МУЛОҚОТ БО САРМОЯГУЗОРОНИ ЧИНӢ ҶИҲАТИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

28 май 2024, Сешанбе
22
0
Муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон, изҳори андеша намуданд.  
Муовини раиси вилояти Хатлон ҳайати соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои чиниро хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки вилоят барои рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ зарфиятҳои калон дорад. Таъкид гардид, ки маҳз истиқлоли комил шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо чандин кишварҳо дар доираи ҳамкориҳои ҳамаҷониба корхонаҳои гуногунро бунёд намояд.
Дар навбати худ, роҳбари ҳайати корӣ мудири кулли ширкати тиҷории чинии «Анхен» Ху Тао  изҳор дошт, ки умедворем ин мулоқот ба ҳамкориҳои судманди баъдӣ заминаи устувор мегузорад.  
– Ҳадафи  мо бунёди коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ аст, ки ба ин васила барои таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад, – афзуд Ху Тао. 
Иброз гардид, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудани ин мулоқот рушди ҳамкориҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар аст ва ин тадбир барои ғанӣ гардондани таҷрибаҳои корӣ замина мегузорад. 
Соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар самти бунёди корхонаи истеҳсолии воситаҳои нақлиётӣ ва дигар соҳаҳои муҳим алоқамандӣ нишон доданд.  Муовини раиси вилоят иддае аз роҳбарият ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолии вилоятро ба ҳайати меҳмонони чинӣ ошно намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои онҳо бо шарикони чинӣ тавсияи муфид дод. 
Дар рафти вохӯрӣ бобати тарҳрезӣ намудани нақшаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар миқёси вилоят табодули афкор сурат гирифт.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив