ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ФАЙЗОБОД
23-юми май, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Файзобод роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони тоҷик дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муваффақона ва сарбаландона фаъолият доранд.
Зимни чорабинӣ ҷавонони фаъол, ки дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, 12 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия, ки чанде пеш дар Олимпиадаи байналмилалии фаннии Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ӯзбекистон сазовори медал шуданд, бо туҳфаҳо қадр гаштанд.
Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳо барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)