ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 13 РӮЗИ ИСТИРОҲАТ ДАР МОҲИ МАРТ

13 РӮЗИ ИСТИРОҲАТ ДАР МОҲИ МАРТ

02 март 2023, Панҷшанбе
74
0

Дар айёми таҷлили Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 рӯз (аз 19 то 26 март) истироҳатӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, рӯзи 18 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, 20 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки  реҷаи  5-рӯзаи  ҳафтаи  корӣ  доранд,  8  март – Рӯзи Модар, 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март рӯзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд. Бо назардошти рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбеи моҳи март кормандони дорои реҷаи 5-рӯзаи корӣ ба 13 рӯзи истироҳат ҳуқуқ доранд.

Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив