ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДР ШУДАНД

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДР ШУДАНД

05 июн 2024, Чоршанбе
39
0
 
31-уми май дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷамъбаст гардид. 
 
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ изҳор дошт, ки дар асоси Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 ва вобаста бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» гузаронда шуд. 
– Қобили зикр аст, ки масъалаҳои обу иқлим, махсусан ҳифзи пиряхҳо, дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз ҷумла, дар паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обу экология, алалхусус, пиряхҳо ва ҳифзи онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешаванд, – гуфт М. Муинӣ. 
Ҳадафи Озмун ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, хусусан, тағйирёбии иқлим, гармшавии  глобалӣ, хушксолӣ, обшавии пиряхҳо, ҳифзи манбаъҳои об ва боло бурдани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. 
Масъулони баргузории Озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум»  буда, Озмун дар як давр, аз 1-уми сентябри соли 2023 то 1-уми майи соли 2024 гузаронда шуд. 
 Бино ба гуфтаи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, аз оғози эълони Озмун то ҷамъбаст ба комиссияи Озмун аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма, зиёиёну олимон, коршиносону мутахассисони соҳа, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, дар маҷмуъ, 116 асару мақола, гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ роҳ ёфтанд. 
Ҳамин тариқ, ҷойи якум бо Дипломи  дараҷаи I ва туҳфаҳои хотиравӣ ба Муассисаи давлатии рӯзномаи «Инсон ва табиат», ҷойи дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба се нафар – муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, сардори раёсати истеҳсоли филмҳои телевизионии Муассисаи давлатии телевизиони  “Илм ва табиат” ва ҷойи сеюм ба Дипломи дараҷаи III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба шаш нафар тақдим гардиданд. Ҳамзамон, дигар иштирокчиёни Озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.06.2024 №: 106
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив