ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАБАРҲО АЗ СУҒД

ХАБАРҲО АЗ СУҒД

10 июн 2024, Душанбе
48
0
 
ДЕВАШТИЧ. СОКИНОН ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ САҲМ МЕГУЗОРАНД
Сокинони вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён шуда буд, табдирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич бо ташаббуси сокинон ва тариқи ҳашар кӯчаҳои деҳа ба пуррагӣ мумфарш мешаванд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунӣ иштирок ва аз иқдоми сокинон истиқбол кард. Гуфта шуд, ки ин ташаббуси аввалини сокинон набуда, соли гузашта низ 7,5 км роҳи маҳалла бо сифати баланд мумфарш гардид ва имсол мумфаршсозии 5 километр ба нақша гирифта шудааст. Иттилоъ доданд, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ 2,5 км роҳ асфалтпӯш хоҳад шуд.
Сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Музаффар Юнусов ба «Ҷумҳурият» маълумот дод, ки корҳои роҳсозӣ аз тарафи ҶДММ «Роҳи пурфайз» анҷом дода мешаванд. 
 
 
 
ҲАДАФ – ИСТЕҲСОЛИ 500 ҲАЗОР ТОННА КАРТОШКА
Ноҳияи Деваштич аз минтақаҳои асосии кишту парвариши картошка дар вилоят буда, хоҷагидорон бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва дастрасӣ ба обу замин ҳар сол майдони кишт ва истеҳсоли онро зиёд менамоянд. Бо ин мақсад заминҳои бекорхобида ва лалмӣ бо кофтани чоҳҳои амудӣ ба гардиши кишоварзӣ дароварда, аз он ҳосили хуб рӯёнда мешавад. 
 
Ҳоло дар ноҳия 12 намуди тухмии картошка парвариш мешавад, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст. Деҳқонони ноҳия азми қавӣ доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд. Соли равон кишти картошка дар майдони 5500 гектар ба нақша гирифта шуда, пурра иҷро гардид. Роҳбарият ва кишоварзони ноҳия тасмим доранд, ки иловатан боз 1000 гектар картошка коранд. 
Минтақаи мазкур барои кишту парвариши картошка мувофиқ буда, метавон то 300-400 сентнер аз ҳар гектар ҳосил ба даст овард.
Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят маълумот доданд, ки солҳои охир дар ноҳия бо сабабаи зиёд шудани аҳолӣ ва ба кор андохтани чоҳҳои амудӣ сарборӣ дар зеристгоҳи барқи «Кӯҳистон» зиёд гашта, дар таъмини барқ мушкилиҳо пеш омад. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як трансформатори ин зеристгоҳ пурра навсозӣ гардида, иқтидори он хеле зиёд шуд. 
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.06.2024 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив