ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ СОҲИБИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ  ШУДАНД

ВМКБ.  ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ СОҲИБИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ  ШУДАНД

10 июн 2024, Душанбе
20
0
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ба  хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон   техникаи нави  кишоварзӣ ҷудо шуд. 
Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 19 мотоблок ва 2 трактори хурд бо тамоми таҷҳизоташон тақдим гардид.  Раиси вилоят  Алишер Мирзонабот дар вазъияти тантанавӣ калиди техникаҳои мазкурро ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бештар саҳмгузорӣ мекунанд, супурд. Дар зимн, раиси вилоят иброз дошт, ки маҳз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ аст, ки имрӯз шумо – деҳқонони асил, соҳиби чунин техникаҳои ҳозиразамон гардидед. 
Раиси вилоят таъкид дошт, ки  техникаҳои мазкурро чун гавҳараки чашм нигоҳубин намоед, то  барои аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонии вилоят  зиёдтар хизмат кунанд.    
Сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки соҳиби тракторҳои  хурд ва мотоблокҳо гардиданд, ба  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайвастаашон нисбат ба аҳли меҳнати деҳоти кишвар сипосгузорӣ намуда, зикр доштанд, ки бо дастрас шудани чунин техникаҳои замонавӣ бо таҷҳизоташон кори деҳқонон хеле осон мегардад. Техникаҳои хурд дар заминҳои кишти масоҳаташон хурд, ки дар минтақаи  Кӯҳистони Бадахшон аксариятро ташкил медиҳанд, босамар истифода мешаванд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар навбати худ, кӯшиш менамоянд, ки минбаъд бозори марказии шаҳри Хоруғ ва дигар нуқтаҳои савдои маҳсулоти кишоварзии вилоятро бо маҳсулоти тару тоза беҳтару бештар таъмин намуда, дар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти  ниёзи аввали мардум  бо нархҳои дастрас  фаъолона  иштирок намоянд.  
    
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.06.2024 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив