ТОШКЕНТ. ФОРУМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ БАРГУЗОР ШУД
5-уми июни соли равон таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон дар шаҳри Тошкент ҷаласаи XIX Форуми Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Он зери унвони «Нақши СҲШ дар шароити нав: муттаҳидсозии талошҳо дар роҳи амнияти умумибашарӣ, субот ва шукуфоӣ» сурат гирифт.
Муассиси ин Форум Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ гардид.
Дар Форум зиёда аз 40 коршинос аз 10 кишвари узви СҲШ гирди ҳам омад. Аз ҷумла, ҳайати намояндагии марказҳои миллии тадқиқотии кишварҳои узви СҲШ, мутахассисони давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи Созмон, инчунин, роҳбарияти Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Созмони минтақавии зиддитерроризми СҲШ аз шумори иштирокчиёни Форум маҳсуб меёфтанд.
Рӯзномаи Форум баргузории се иҷлосияро дар бар гирифт, ки ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон дар марҳалаи кунунии рушд ва дурнамои минбаъдаи такмили фаъолияти Форуми СҲШ бахшида шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)