ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВЛОНО. ТАНТАНАИ ТОҶИКОН ДАР ЮНЕСКО

МАВЛОНО. ТАНТАНАИ ТОҶИКОН ДАР ЮНЕСКО

11 июн 2024, Сешанбе
53
0
Бахшида ба 815-солагии шоир ва мутафаккири шаҳири тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО (шаҳри Париж) Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ширкат варзид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш  Матлубахон Сатториён аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони Конфронс барои дастгирӣ ва амалӣ намудани ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос кард. 
Таъкид кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, эълон шудани Рӯзи бузургдошти ин нобиғаи беҳамто ҳамасола 30-юми сентябр дар Тоҷикистон ва баргузор намудани озмуни “Маснавихонӣ” аз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дарак медиҳад. 
Ҳамзамон, дар Конфронс гуфта шуд, ки Мавлонои Балхӣ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешумурд ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно, қодир аст, заминро бо осмон хешу табор гардонад. Ҷалолуддини Балхӣ аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. 
Ба феҳристи хотироти ЮНЕСКО дохил гардидани Куллиёти Мавлоно дар қатори номгӯи падидаҳои фарҳангие, ки солҳои охир аз ҷониби ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, нишони дурахшони дигари эътирофи расмии фарҳанги бузурги гузаштагони мо аст. Албатта, эътирофи байналмилалии эҷодиёти бузургони гузаштаи мо, хусусан Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ифтихори тоҷикон аст. Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз ҳам аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва пешгоми ҷомеа мебошад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо – ворисонаш аст.
Боиси зикр аст, ки дар як гӯшаи қароргоҳи ЮНЕСКО аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Институти мероси хаттӣ ва дастхатҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ» намоишгоҳ ташкил шуд, ки иштирокдорон метавонанд аз он то анҷоми ҳамоиш дидан намоянд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 
 
МТС.  МАСЪАЛАИ КАДРӢ - МАСЪАЛАИ КАЛИДӢ
Зери унвони «Вазъ ва дурнамои таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.  
Ҳадаф аз баргузории конфронс, таҳлилу арзёбии вазъи кунунӣ ва дар ин замина таҳияи тавсияҳо доир ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ, вазъи таъминоти кадрӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба таъмини кадрҳои илмӣ, вазъи ҳифзи иҷтимоии кормандони илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва сиёсати гендерӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ гуфта шуд. 
Сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдураҳмон Қурбонов дар баромади худ зикр кард: «Вазъ ва дурнамои таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳвариро соҳиб аст. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқотҳояшон бо кормандони соҳаи илму маориф таъкид  менамоянд, ки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, татбиқи пайвастаи илм бо истеҳсолот, умуман, рушди низоми босуботи илму маориф ба раванди босифати таҳсилот ва кадрҳои соҳибтахассусу забондон дар шароити замони имрӯза хеле муҳиму зарурӣ аст. Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва барои тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ ва баландихтисос мунтазам аз барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ кор мегирад”. 
Зикр шуд, ки ҳоло дар мамлакат қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар доктори илм фаъолият мекарданд. Яъне, дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Дар конфронс, ҳамчунин, олимону мутахассисони соҳа баромад карданд. Дар суханрониҳо ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди соҳаҳои илму маориф, ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар шароити имрӯза, ҳифз ва рушди неруи илмӣ дар кишвар, арзёбии сатҳи бархӯрдории сиёсати гендерӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилот, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. 
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.06.2024 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив