ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШУКРОНА ТОҲИРӢ –  ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ СОЛ-2024»

ШУКРОНА ТОҲИРӢ –  ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ СОЛ-2024»

20 июн 2024, Панҷшанбе
72
0
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Моҳвораи ҷавонон бо натиҷагирӣ аз Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2024” Шукрона Тоҳириро ғолиб эълон намуд. Шукрона Тоҳирӣ, ки дастпарвари Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе будаву имсол курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, таассуроташро аз иштирок дар Озмуни мавриди назар ба таври фишурда чунин баён дошт: 
– Мақсад аз ташкили озмунҳо тақвияти дониш ва дӯстӣ байни ҷавонон мебошад. Маҳз ин гуна озмунҳо ҷавонони минтақаҳои гуногунро ба ҳам меоранд. Масалан, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2024” донишҷӯён аз тамоми минтақаҳо ширкат доштанд. Навиштани иншо бо забони тоҷикӣ, саволу ҷавоб аз рӯи ихтисос ва баъдан имтиҳон дар доираи ҳашт фанни таълимӣ аз муҳимтарин шартҳои Озмун буданд, ки ба андешаи инҷониб ҷолибияти онро таъмин сохтанд.
Бардошти ман, ҳамчунин, ба ҳайси дорандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ин аст, ки озмунҳои чанд соли охир, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд, дар баланд бардоштани завқу салиқаи ҷавонон, таҳсилу омӯзиш, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои наву сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дар маҷмуъ рушди донишу маънавиёти насли нав нақши босазо гузошта истодаанд. 
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2024 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив