САРВАЗИР ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД
Дар асоси супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Нуробод аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ба ҷойи бехавф кӯчондани 22 оила, таъмини онҳо бо манзили нави истиқоматӣ ва раванди тадбирҳои ободонӣ шинос шуд.
Зарардидаҳо аз кумакҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз масолеҳи сохтмонӣ иборат буд, баҳравар гардиданд. Ҳамчунин, масъулон дастур гирифтанд, ки ду пули харобгардидаи ҳудуди деҳаи Ёнур ва наздики 500 метр роҳи мошингардро аз нав сохта, дар кӯтоҳтарин муҳлат барои рафтуомади сокинон шароити хуб фароҳам оранд.
Сафари ҳайати Маҷлиси намояндагон ба Гурҷистон
Ҳайати Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии муовини Раиси МН МО Мавсума Муинӣ ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон омад.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ин сафар ҳайати вакилони Тоҷикистонро намояндагони ҷавонони мамлакат ҳамроҳӣ намуданд. Дар рафти сафар ҳайат бо фаъолияти Парламенти Гурҷистон шинос шуд. Ҳадафи сафар мубодила ва омӯхтани таҷриба оид ба баробарии гендерӣ, баланд бардоштани иқтидори ҷавонон, инчунин, сатҳи огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои амнияти гендерӣ ба ҳисоб меравад.
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ, ки дар шаҳри Москва баргузор гашт, иштирок намуд.
Ба «Ҷумҳурият» аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд, ки дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаи санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидаанд, ба мувофиқа расонданд.
Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази вокуниши гуманитарии СААД
дар Хатлон
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД пешниҳод намуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон Маркази вокуниши гуманитарии СААД таъсис дода шавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки фаъолияти Марказ ҷиҳати вокуниши фаврӣ ба таҳдиду чолишҳо ва буҳронҳо нигаронда хоҳад шуд.
Баррасии имконияти сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва ИМА
«Таҷриба ва имконияти ИМА дар раванди татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 метавонад васеъ истифода гардад».
Дар ин хусус зимни вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо ширкатҳои аъзои Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва ИМА баён шуд. АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ имконияти сармоягузории соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика, бонкдорӣ, технологияҳои муосири рақамӣ ва инноватсия баррасӣ ва муҳим арзёбӣ гардиданд.
Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин
Дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин доир гашт, ки дар он 150 соҳибкору сармоягузорон аз ду давлат иштирок намуданд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, ки дар доираи Форум санадҳои дахлдори ҳамкорӣ, аз ҷумла сохтмони корхонаҳои муштарак ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ ба имзо расонда шуд.
Ҳайати ҲХДТ дар Форуми байналмилалии байниҳизбии давлатҳои аъзои БРИКС
Дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои БРИКС доир гашт, ки дар он муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ иштирок дошт.
Рӯзномаи «Минбари халқ» хабар додааст, ки дар ҷаласаи пленарӣ Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзуи «Соҳибихтиёрии миллӣ зарурат ба ҳимоя аз таҳдидҳои колониалиро дорад» маъруза намуда, зарурати ҳимояи дастаҷамъонаи соҳибихтиёрии давлатӣ ва миллиро аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ва муқовиматҳои сиёсии замони нав таъкид дошт.
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)