ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁН ЗИМНИ МАРОСИМИ ҲАҶ АЗ 1,3 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ
CentralAsia (CA). Вазири тандурустии Арабистони Саудӣ Фаҳд бин Абдурраҳмон ал-Ҷалоҷил гуфт, ки теъдоди зоирони ҳангоми адои ҳаҷ реҳлаткарда аз 1,3 ҳазор нафар гузашт. 83 дарсади зоирони фавтида раводиди мувофиқ надоштанд. Фавтидагон дар Макка дафн мешаванд. 95 зоир дар бемористонҳо муолиҷа мешавад. Раванди муайян кардани шахсияти аз дунё гузаштагон ба таъхир афтод, зеро аксари онҳо ҳуҷҷат надоштанд.
Вазир гуфт, ки дар аксари мавридҳо марг дар натиҷаи беобӣ ва хастагии ҷисмонӣ аз гармии шадид ба амал омадааст. Ҳарорати ҳаво дар Макка ба +51 дараҷа расидааст.
Дар миёни фавтидагон 660 нафар мисриён мебошанд, ки танҳо 31 нафари онҳо ҳаққи дар кишвар буданро доштанд. Ба гузориши хабаргузории Associated Press, дар миёни ҳалокшудагон 165 нафар аз Индонезия, 98 нафар аз Ҳиндустон ва даҳҳо нафар аз Урдун, Тунис, Марокаш, Алҷазоир ва Малайзия низ ҳастанд.
Соли 2024 ҳудуди 1 миллиону 830 ҳазор зоир ба ҳаҷ рафтааст, ки 1 миллиону 600 ҳазор нафари онҳо хориҷиён буданд.
МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН
Мир 24. Роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ, ба намояндагони васоити ахбори омма изҳорот доданд.
Дар рафти гуфтушунид самтҳои асосии ҳамкории амалии ҳар ду мамлакат баррасӣ шуданд. Роҳбарон зикр карданд, ки пас аз мулоқотҳо дар Самарқанд ва Дубай робитаҳо ва табодули назар дар ҳама сатҳҳо фаъол гардиданд. Муколамаи мунтазами сиёсӣ ба роҳ монда шуда, дар Тошкент сафоратхонаи Муғулистон кушода мешавад.
Ҳаҷми муомилоти мол меафзояд, дар байни ширкату корхонаҳои пешқадам робитаҳои шарикӣ муқаррар карда мешаванд. Дар рафти гуфтушунид ба афзоиши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва кооператсияи саноатӣ диққати махсус дода шуд. Қарор аст, ки имсол дар пойтахтҳои ду кишвар хонаҳои тиҷоратӣ кушода, намоишгоҳҳои саноатӣ баргузор шаванд.
МОТАМ ДАР ДОҒИСТОН: ПУЛИС ВА ҒАЙРИНИЗОМИЁН ДАР АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ КУШТА ШУДАНД
Мир 24. Дар Доғистон мотам эълон шудааст. Як рӯз пеш дар Махачқалъа ва Дербент ҷангҷӯёни мусаллаҳ ба ду калисои православӣ, ду каниса ва як посгоҳи пулиси роҳ ҳамла карданд.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти террористӣ беш аз 15 афсари пулис ва чанд ғайринизомӣ ба ҳалокат расид. Дар ҷараёни амалиёти вижа панҷ ҷангҷӯ кушта шуд. Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯйи моддаи "Амалиёти террористӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Раҳбарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирҷизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ба Владимир Путин ва тамоми мардуми Русия изҳори ҳамдардӣ карданд. Аз вазоратҳои корҳои хориҷии Эрон ва Чин, инчунин, аз котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай телеграммаҳои ҳамдардӣ ворид шуданд.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Газета. ru. Дар изҳороти муштараки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамтои белорусии ӯ Сергей Алейник гуфта шудааст, ки ҳадафи Русия ва Беларус такмил додани ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) мебошад. Ҷонибҳо ният доранд, ки мақоми нозир ва шарикии СААД-ро, дар таъмини амният ва суботи минтақа ба сатҳи зарурӣ бардоранд.
ТАСС. Ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ соли 2023 дар саросари ҷаҳон 2 дарсад, яъне то 1,3 триллион доллари ИМА коҳиш ёфт, ки ин қисман ба суст шудани иқтисоди ҷаҳонӣ вобаста аст. Дар ин бора Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд гузориш додааст.
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни гуфтугӯ бо Президенти Лаҳистон Анжей Дуда, ки бо сафари давлатӣ дар Чин қарор дорад, омодагии кишварашро барои ҳамкорӣ бо
Лаҳистон ҷиҳати ба сатҳи баландтар баровардани равобити дуҷониба ва овардани суботу итминони бештар ба ҷаҳони ноором изҳор дошт.
Масъули гӯша: Сайфулло АШУРОВ
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)