“САРИХОСОР САРЗАМИНИ ПУРАСРОР”
Воқеан, ҳатто, як бор кофист, ки ин мавзеъ, яъне Сарихосорро бубиниву тамоми умр мафтун ва ошиқи он бигардиву бимонӣ. Бо кӯҳҳои рангоранги афсонавӣ, гиёҳҳои шифобахш, шаршараи баланду зебо, чашмаҳои зулолу дарахтони пурмева дил аз кас мебарад.
Дар асри гузашта, шуруъ аз солҳои 50-ум ба хотири обод намудани заминҳои бекорхобидаи таҳдашт, ривоҷи соҳаи пахтакорӣ, бунёди ноҳияҳои нав мардумашро иҷборан муҳоҷир карданд.
Сарихосор бесоҳиб монд. Он ба харобазор табдил ёфт.
Муаллифон, шахсиятҳои маъруфи кишвар, зодагони ин макон бародарон Ғайбулло Авзалов ва Наврӯз Авзалов дар ин хусус ва ояндаи дурахшони Сарихосор бо ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоб таълиф кардаву ба нашр расондаанд. Тавре дар оғоз нигоштаанд: “... маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама гуна ободкориҳо симои Балҷувон ва маркази Сарихосор ба куллӣ дигаргун гардид. Мавзеи Сарихосор барои рушди навъҳои гуногунии сайёҳӣ, аз ҷумла саёҳии экологӣ, кӯҳгардӣ ва шикор созгор мебошад”.
Бо иқтибоси сухани пурҳикмату ҳидоятгари Сарвари давлат, ки “Номи миллатро аслан фарзандони бонангу номус зинда медоранд”, муаллифон дар бораи ин гуна шахсиятҳо маълумот медиҳанд. Воқеан, ҳар кадоми ин гуна фарзандон дар рушди кишвар пеш аз истиқлоли давлатӣ ва баъд аз он саҳми чашмрасу таърихӣ гирифтаанд. Дар ин китоб хонанда ба бунёди шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳоти на танҳо Сарихосор, Балҷувон, Ховалинг, балки ба минтақаи Кӯлоб, таъсиси ин вилоят, шинос мешавад.
Муаллифон ба хотири факту далелҳои таърихӣ ба сарчашмаҳои муътамад таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро ба хонанда, ҳамзамон, муаррифӣ намудаанд.
Ҳамин тавр, китоб зебову фаҳмо таълиф гардидааст ва туҳфаи хубест ба алоқамандони ин мавзеъ, шахсиятҳои маъруфу маҳбуб, инчунин, хонандагон, муҳаққиқон ва мутахассисон.
Абдулқодири Раҳим, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)