ВМТ. БАРДОШТ АЗ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Дар сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон бо иштироки мутахассисони сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият, масъулони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур кормандони сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ дар асоси фармоиши Вазорати молия ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба дарёфти манбаъҳои нави даромад ва тақвияти раванди таҳияи лоиҳаи нишондиҳандаҳои қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027, дуруст ворид намудани рақамҳои назоратии даромади буҷети давлатӣ ва тағйирот дар низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS) ва дигар масъалаҳои марбут ба андозу буҷет баромад намуда, иброз дошт, ки мақсад аз роҳандозии чорабинии мазкур баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти молия дар маҳал ба шумор рафта, аз ҷониби мутахассисони соҳа пайваста дар ин замина машғулиятҳои амалӣ гузаронда мешаванд.
Дар семинар самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти молия ва андоз низ баррасӣ гардида, ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои раванди таҳияи лоиҳаи нишондиҳандаҳои даромади Буҷети давлатӣ, таъмини огаҳии бештари кормандони мақомоти молия ва андозсупорандагон аз муқаррароти қонунгузории андоз маълумоти муфассал дода шуд.
Семинар-машварати мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили дониши тахассусӣ ва таҷрибаи кормандони соҳа бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Таъкид шуд, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар тақвияти ҳамкориҳо миёни кормандони мақомоти молия ва андоз нақши муассир мегузорад, ҳамчунин, ба ташаккули зеҳнии мутахассисон ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарии онҳо такони ҷиддӣ мебахшад. Дар раванди семинар-машварати омӯзишӣ миёни роҳбарият, мутахассисон ва кормандони сатҳи гуногуни соҳаҳои молия ва андоз оид ба масъалаҳои рӯзмарра дар самти таъмини пешрафти кори соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, Вазорати молия тасмим дорад, ки ҷиҳати сайқал додани донишу маҳорат ва такмили ихтисоси кормандони соҳа чунин семинар-машварати омӯзиширо дар тамоми минтақаҳои кишвар бо иштироки мутахассисони соҳа роҳандозӣ намояд. Ин тадбир ба андешаи коршиносон ба устуворона амалӣ гаштани сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ба назаргирифтани рушди вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ба иҷро ва таҳкими қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)