ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ РӮДАКӢ.  ГУЗОРИШ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ.  ГУЗОРИШ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

26 июн 2024, Чоршанбе
26
0
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар қасри фарҳанги ноҳия ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём” конференсияи илмӣ – назариявӣ зери унвони «Нақши ВАО-и маҳаллӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Конференсияро Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар ин зимн, ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Насими айём” табрик кард. Ҳамчунин, таъкид намуд: “Имрӯзҳо иттилоот ва воситаҳои ахбори омма ба силоҳи қудратманди давлатҳо табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва асри пешрафти технологияи иттилоотӣ нақш ва аҳамияти ВАО рӯз ба рӯз афзун мешавад. 
“Насими айём”-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 1934 таъсис ёфта, тули 90 сол дар фазои иттилоотии ноҳия ва кишвар фаъолият мебарад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рӯзнома бо фарогирӣ ва инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳлилу баррасии мушкилоту масъалаҳои мавҷуда дар таъмини мардум бо иттилооти саҳеҳ ва дақиқ нақши арзандаи хешро гузошта, ин рисолаташро имрӯз низ ба ҷо оварда истодааст”.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзо оид ба таърихи таъсиси нашрияи “Насими айём” ва хотираҳои неки хеш дар ин коргоҳи эҷодӣ ҳикоят кард. 
Декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Бахтиёри Қутбиддин дар баромади хеш аз рисолат ва нақши матбуоти маҳаллӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин, таъкид кард: “Матбуоти маҳаллӣ публитсистикаро дар саҳифаҳои худ ҳамеша нигоҳ дошта, бо марзу уфуқҳои нисбатан маҳдуд дар афкори ҳамзамонон таъсири доимиву оҷилӣ гузоштааст. Нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст ва ҳар давлати мустақил, бахусус давлатҳои абарқудрат, аз он чун воситаи асосии таҳвилдиҳии ғояҳо ва татбиқи мақсадҳои хеш истифода менамоянд. Дар кишвари азизи мо низ матбуот чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳими ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа маҳсуб меёбад”. 
Дар ҷамъбасти кори конференсия сармуҳаррири рӯзномаи "Насими айём" Рухшона Шобудинова баромад намуда, аз гузаштаи пурифтихори "Насими айём" ёдоварӣ кард. Ҳамчунин, зикр намуд, ки барои аҳли рӯзнома мояи ифтихор аст, ба мисли Б. Қосимов, О. Қаландаров, Ҳ. Султонов, М. Абдуллоев, Н. Одилов, З. Дӯстматов, Х.Каримов, З. Шодӯстмамадов, З. Муҳиддинов, У.Асалов, Ф. Ҳусейнов, Э. Назаров, М. Қаландаров, З. Арбобов ва даҳҳо шахсияти дигар дар солҳои гуногун вазифаи сармуҳарририи нашрияро ба дӯш дошта, дар такмили фаъолияти рӯзноманигорони наслҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаанд ва насли имрӯз идомадиҳандаи ин анъанаи нек аст. 
Раиси ноҳия дар охир ба як қатор собиқадорон, фаъолон ва кормандони рӯзномаи “Насими айём” Сипоснома ва туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро супурд. 
 
Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА, ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив