ЧЖАН МИН: «ДАР НИШАСТИ САРВАРОНИ СҲШ ҲАМКОРӢ ДАР БАХШҲОИ КАЛИДӢ БАРРАСӢ МЕШАВАД»
АИР «Новости». Чжан Мин, Дабири кулли СҲШ, ба хабаргузории «Казинформ» гуфт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амният як самти афзалиятнок аст, ки аз замони таъсиси СҲШ пайваста таҳким меёбад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳо тавофуқоти нав дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ, инчунин, таъмини амнияти иттилоотӣ ҳосил мешаванд. Дабири кул афзуд, ки таваҷҷуҳи бештар ва интизориҳои раҳбарон ва мардуми кишварҳои узви СҲШ ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва башардӯстона зоҳир мегардад.
"Дар ин ҳамоиш ҳамкорӣ дар бахшҳои калидӣ, аз қабили Стратегияи рушди марҳала ба марҳалаи Созмон, энергетика, сармоягузориву ҳифзи муҳити зист ва экология, инчунин, туризм баррасӣ мешавад", – иброз дошт Чжан Мин.
ТОКАЕВ: «ҚАЗОҚИСТОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ СММ ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД»
Мир 24. Дар Остона музокироти Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш баргузор шуд. Роҳбари Қазоқистон гуфт, ки сафари Дабири кулли СММ имкони олӣ барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Сафари Шумо ба Остона ва ширкат дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай рамзи равшани ҳамкории зичи Қазоқистон ва Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Қазоқистон ва шахсан ман, ҳамчун Роҳбари давлат , фаъолияти Созмони Милали Муттаҳидро дар вазъияти душвори ҳозира комилан дастгирӣ мекунем.
Гутерриш ба раёсати Остона дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, аз ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Қазоқистон ҷонибдорӣ кард. Тарафҳо, инчунин, масъалаҳои мубрами байналмилалиро баррасӣ намуданд.
СИ ҶИНПИН АЗ ЧИН ВА РУСИЯ ДАЪВАТ КАРД, КИ ҲАМОҲАНГИИ СТРАТЕГИЯҲОИ РУШДРО ТАҚВИЯТ БАХШАНД
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Чин ва Русия даъват кард, ки ҳамоҳангии стратегияҳои рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии стратегиро боз ҳам тақвият бахшанд.
Дар ин бора Си Ҷинпин зимни мулоқот бо Владимир Путин, Президенти Русия, қабл аз нишасти 24-уми Шурои сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона изҳорот дод. Си Ҷинпин бо ёдоварӣ аз сафари бомуваффақияти давлатии Владимир Путин ба Чин дар моҳи майи соли ҷорӣ, таъкид кард, ки тарафҳо барои ба нақша гирифтани рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар лаҳзаи муҳими таърихии 75-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Чин ва Русия якҷоя кор мекунанд.
Чин аз Русия дар иҷрои уҳдадориҳои худ ҳамчун раиси БРИКС, муттаҳид кардани кишварҳои ҷанубии сайёра, ҷилавгирӣ аз ҷанги нави «сард», муқовимат ба таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ ва гегемонизм пуштибонӣ мекунад, – таъкид кард Роҳбари Чин.
РАҲБАРОНИ ОЗАРБОЙҶОН, ТУРКИЯ ВА ПОКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ СЕҶОНИБАРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ТАСС. Роҳбарони Озарбойҷон, Туркия ва Покистон Илҳом Алиев, Раҷаб Тайип Эрдоган ва Шаҳбоз Шариф дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона нахустин мулоқоти худро дар шакли сеҷониба баргузор карданд.
Дар ин бора сомонаи Президенти Озарбойҷон хабар додааст. Дар мулоқот оид ба дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ дар шакли сеҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, энергетика, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо табодули афкор сурат гирифт. Дар вохӯрӣ, инчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва саноати мудофиа баррасӣ гардиданд.
Ҷаҳон дар як сатр
Sputnik. tj. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ба Сарвари давлати тоҷикон барои иштироки шахсӣ дар нишасти СҲШ ва дастгирии пайвастааш аз афзалиятҳо ва ташаббусҳои Остона изҳори сипос кард.
"Маҳз иштироки Шумо дар фаъолияти СҲШ аҳамияти махсусан муҳим дорад, зеро Шумо ягона Президенте ҳастед, ки дар оғози таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 1996 ширкат кардаед»,– таъкид намуд ӯ.
ТАСС. Вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар бораи нақшаи фаъолияти муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ барои соли 2025 ба мувофиқа расиданд. Вохӯрӣ дар фазои корӣ ва созанда баргузор шуда, масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои мутақобила ва самтҳои рушди он ба таври муфассал баррасӣ гардиданд, – гуфт вазири мудофиаи Русия Андрей Белоусов.
ТАСС. Бар асари издиҳом дар як ҷамъомади мазҳабӣ дар иёлати Уттар- Прадеши Ҳиндустон 121 нафар кушта ва 28 тани дигар захмӣ шуданд. Дар маҳали фоҷиа, ки рӯзи сешанбе 50 ҳазор нафар ба вохӯрӣ бо воизи мазҳабӣ Бхоле Баба омада буд, криминалҳо ва коршиносони судӣ таҳқиқ мебаранд.
Мир24. Ба муносибати 80-солагии аз истилогарони фашистӣ озод шудани Беларус қариб 7850 кас афв хоҳад шуд. Қонуни дахлдор, ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Александр Лукашенко ба имзо расид, эътибор пайдо кард.
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)