ХАТЛОН. ТАВАҶҶУҲ БА СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ МЕАФЗОЯД
Тибқи омори намояндагии Агентии содирот, дар вилояти Хатлон аз моҳи январ то 24-уми июни соли 2024-ум 8030,7 тонна пиёз, 423,7 тонна лаблабу, 379 тонна карам, 572,7 тонна зардолу, 975 тонна тухми офтобпараст, 7,6 тонна писта, 18,6 тонна чормағзи заминӣ, 120 тонна ангур, 2000,5 тонна олу, 46,6 тонна каду, 8,6 тонна сирпиёз, 402,5 тонна тарбуз, 36,8 тонна себ, 6 тонна харбуза, 9 тонна шафтолу, дар маҷмуъ, 13037,3 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Имсол танҳо аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хориҷи кишвар беш аз 330 тонна тарбузи зард ва сиёҳи бедона интиқол гардидааст. Соли гузашта ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишвар 56 фоизро ташкил дода буд.
Вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои бештар дорад ва кишоварзони вилоят дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳиссагузор бошанд.
Ҳамасола дар вилоят беш аз 250 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полизӣ, инчунин, 1 миллион адад пӯсти чорвои калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад. Кишоварзон ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
АМАЛИЁТИ НАҶОТ
Имрӯзҳо ҳарорати ҳаво дар қаламрави кишвар хеле гарм шудааст. Дар ин мавсим мардум талош доранд, ки дар соҳили дарёҳо истироҳату оббозӣ кунанд. Аммо фасли гармо ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз қоидаҳои он бохабар.
Ғарқшавии одамон, махсусан дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ манъ аст, ба амал меояд.
Тибқи таҳлилҳо давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 40 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 ноболиғ, 12 хурдсоли синни томактабӣ ва 11 ҷавон ба ҳалокат расидааст. Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ аз 20-уми июн дар ҳудуди вилоят амалиёти рамзӣ бо номи "Наҷот" роҳандозӣ шудааст.
Дар доираи амалиёт кормандони милитсия ба соҳили каналу дарё ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнуъ, сафарбар карда шуда, маҷмуи чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ доир менамоянд.
Дар баробари ин, раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ҳамаи падару модарон даъват менамояд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғиботиро ҷоннок намуда, ҷиҳати пешгирии ғарқшавии ноболиғон ва ҷавонон дар фасли тобистон назоратро пурзӯр намоянд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)