Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Михаил Мишустин
9-уми июл дар шаҳри Екатеринбург дар ҳошияи Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom» Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россияро таъкид намуда, барои густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷаласаи Шурои сиёсати саноатии давлатҳои аъзои ИДМ
Дирӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар ҷаласаи X Шурои сиёсати саноатии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд.
Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба мо тавзеҳ доданд, ҷаласаи Шуро лоиҳаи Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар рушди саноати вазнини мошинсозиро баррасӣ намуд. Созишнома ба рушди соҳаҳои мошинсозӣ, истеҳсоли мошину таҷҳизот барои саноати металлургӣ, истихроҷи маъдан, рушди дастгоҳсозӣ, истеҳсоли асбобҳои вазнини челонгарӣ ва пресскунӣ, борбардору нақлиёт ва дигар таҷҳизоту техникаи калонҳаҷм нигаронда шудааст.
Корхонаҳои ватанӣ дар Намоишгоҳи «Innoprom»
Дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom» гӯшаи миллии саноати Тоҷикистон ташкил шудааст, ки дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодӣ ба маъраз гузошта шудаанд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар гӯшаи Тоҷикистон беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштааст. Дар Намоишгоҳ, инчунин, маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯянд.
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ
9-уми июл намояндагони Вазорати маориф ва илм дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Инфо-Стратегия: «Ҷомеа, давлат маориф», ки дар шаҳри Самараи Россия баргузор шуд, иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар Конфронс масъалаҳо вобаста ба муҳимияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба низоми маориф ва идораи давлатӣ, дастовардҳои ҷорӣ ва нақшаҳои ояндаи табдили рақамӣ дар минтақа, аҳамияти технологияҳои иттилоотӣ ба раванди таълим, зарурати рушди малакаҳои рақамӣ дар омӯзгорон ва хонандагон баррасӣ шуданд.
Муҳокимаи нақшаи маблағгузории иқлимӣ
«Уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёби иқлим барои рушди устувор мусоидат намуда, танҳо бо дастгирии байналмилалӣ мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон гузошта ноил гардем», – зикр шуд дар ҳамоише, ки 9-уми июл оид ба «Нақшаи маблағгузории иқлимии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон: Гузариш аз банақшагирӣ ба татбиқ» баргузор гашт.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ҳамоиш муаррифии Нақшаи маблағгузории иқлимӣ ва баррасии масъалаи татбиқи он буда, барои ҷумҳуриамон дар муайян намудани шарикони калидӣ барои амалӣ намудани уҳдадориҳои миллии он дар доираи Созишномаи Париж мусоидат менамоянд.
Таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ матраҳ шуд
Тавофуқнома дар ин хусус зимни вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар, ки 8-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, ба имзо расид.
Аз Кумита ба мо хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардиданд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)