ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи  байнипарлумонии ИДМ 

Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи  байнипарлумонии ИДМ 

11 июл 2024, Панҷшанбе
23
0
Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ оғоз мешавад, ки дар он ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок менамояд. 
Аз Маҷлиси намояндагон ба мо хабар доданд, ки ҳайати парлумони ҷумҳурӣ, ҳамчунин, дар Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки 11-ум ва 12-уми июл баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Баррасиҳо дар Анҷумани мазкур ба таҳкими принсипҳои бисёрҷониба дар сиёсати ҷаҳонӣ ва пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои БРИКС бахшида мешаванд.
 
 
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ
10-уми июл ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гашт.
Дар нишасти мазкур, ки  бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ доир гардид, натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаш моҳи аввали соли равон ҷамъбаст шуда, нақша ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Вохӯрии Прокурори генералӣ бо фаъолони вилояти Суғд 
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва фаъолони вилояти Суғд баргузор шуд. 
Хадамоти матбуотии МИМҲД-и вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар мулоқот Юсуф Раҳмон вазъи феълии риояи ҳуқуқу тартибот, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятсодиркуниву хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро таҳлил намуд. 
 
 
Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси махзани тарҳҳои тиҷоратии давлатҳои аъзои СҲШ 
Дар ин хусус вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром-2024», ки дар Екатеринбург ҷараён дорад, хабар дод.
Тавре Агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад, вазири саноат ва технологияҳои нав ин матлабро дар ҷаласаи «Уфуқ-2035: СҲШ – меҳвари иқтисоди ҷаҳонӣ» баён дошт. 
«Дар навбати аввал, ба мо зарур аст, ки ҳамкории кооператсиониро дар доираи СҲШ таҳким бахшида, роҳҳои нави ҳалли некбинонаро пайдо кунем», – гуфтааст Шералӣ Кабир. 
 
 
Мулоқоти роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА бо масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ  
9-уми июл муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Вилли Кемпел вохӯрд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳити зист ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Баррасии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 
9-уми июл дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла натиҷаҳои сафари ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон, матраҳ шуданд.
 
 
Инъикоси мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи «Ал-Ҷазира» 
9-уми июл сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори иҷроияи  шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» Аҳмад бин Солим ал-Ёфиъӣ мулоқот намуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки зимни суҳбат сафир доир ба таърих, урфу одатҳои миллӣ, фазо ва низоми сармоягузорию имконияти нодири сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Дар ин замина, инъикоси мавзеъҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон дар ин шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
 
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив