Ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон ва Эрон
Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт-Петербург доир гашт. Гуфта шуд, ки байни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси шурои исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд, ки дар таҳкими робитаҳои ҳар ду давлат нақши муҳим мегузорад.
Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Амина Муҳаммад
Дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024), дар қароргоҳи СММ муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад мулоқот дошт.
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъсири манфии он ба муҳити зист, инчунин, боло бурдани иқтидори тавлиди «энергияи сабз» мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар баробари ин, ҷиҳати истифодаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва манфиати он ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ маълумоти муфассал манзур шуд.
Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳадаф аз ҷаласа ҷамъбасти натиҷаҳои асосии кумаки байниҳамдигарӣ ва муайян кардани нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои ИДМ мебошад. Дар ҷаласа, ҳамчунин, мушкилот ва таҷрибаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мураккаб гардидани вазъи паҳншавии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои вобаста ба он ки аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ содир мешаванд, баррасӣ шуданд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ , “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)