ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Трамп расман номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд

Трамп расман номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд

16 июл 2024, Сешанбе
18
0
Известия.ру. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии CNN, Роҳбари пешини ИМА Доналд Трамп дар анҷумани миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳон раъйи кофӣ ба даст оварда,  номзад ба мақоми президентӣ шуд.  
Акнун, Трамп бояд дар суханронии рӯзи 18-уми июл пешбарии номзадиашро аз ҷониби ҳизб расман қабул кунад.
Анҷумани ҷумҳурихоҳон аз 15 то 18-уми июл давом мекунад.  
Пеш аз ин, Трамп сенатор аз иёлати Огайо Ҷеймс Дэвид Вэнсро номзад ба  ноиби президенти ИМА пешниҳод кард. Трамп  гуфт, ки Вэнс 27-уми июл дар мубоҳисаи дарпешистода бо Ҷо Байден ширкат хоҳад кард. Тавре мушовири  калони Трамп Брайан Ҳюз гуфт, номзад ба мақоми Роҳбари Амрико ноиберо интихоб кардааст, ки метавонад дар оянда сарвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  шавад.
 
 
Суҳбати телефонии Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Малайзия  
 
Анадолу. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тавре хадамоти матбуоти Сарвари Ӯзбекистон хабар дод, мусоҳибон масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Малайзияро дар заминаи татбиқи созишномаҳои сафари Сарвазири Малайзия ба Ӯзбекистон дар моҳи майи соли равон баррасӣ карданд. 
«Фаъолшавии назарраси робитаҳои байнипарлумонӣ, байниҳукуматӣ ва соҳибкорон бо қаноатмандӣ зикр шуд. 29-уми май дар шаҳри Путраҷая ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ пурсамар баргузор гардид. Шурои соҳибкорони  Ӯзбекистону Малайзия ташкил шуд», - гуфта мешавад дар хабар. 
Шавкат Мирзиёев ва Анвар Иброҳим  тадбирҳои амалӣ гардондани барномаҳои муштараки башардӯстона ва туризми зиёратӣ, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ,   ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олиро баррасӣ намуданд.
 
 
Лавров барои ширкат дар ҷаласаҳои Шурои амнияти СММ вориди Ню-Йорк шуд
 
INTERFAX.RU.  "Ҳайат таҳти раҳбарии Сергей Лавров барои ширкат дар ҷаласаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби раёсати Русия ба Ню-Йорк омад", - гуфта мешавад дар телеграм-канали сухангӯи  Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.
Тавре қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, Сергей Лавров  ду чорабинии марказиро раисӣ мекунад: 16-уми июл мубоҳисаи кушод  дар мавзуи «Ҳамкории бисёрҷониба ба манфиати эҷоди тартиботи одилонаи демократӣ ва устувори ҷаҳон» ва 17-уми июл баҳси кушод оид ба вазъияти Шарқи Наздик, аз ҷумла масъалаи Фаластин.
 
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив