Нахустин ҷаласаи машваратии вазирони саноати Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар ҷаласаи вазирони саноати Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати “С5+1” иштирок намуд.
Корея ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ташаккули занҷирҳои устувори таъминот ба мувофиқа расида, изҳори омодагӣ карданд, ки иқтидори захиравии кишварҳои Осиёи Марказиро бо технологияҳои муосир ва таҷрибаи Корея дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли мавод ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ҳамоҳанг созанд.
Интизор меравад, ки қолаби нави «C5+1» ба минбари доимӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва рушди робитаҳои мутақобилан судманд миёни Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН
Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Ҷашни миллӣ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ унвони “Душанбе – қалби Тоҷикистон” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хоса дорад ва он маркази сиёсӣ, илм, маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба шарофати сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа рушд намуд.
Саҳми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам дар ободу шукуфо гардидани пойтахти кишвари азизамон хеле бузург мебошад. Бо ибтикор ва роҳбарии Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими мақоми Душанбе ҳамчун шаҳри муосиру пешрафта тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Ифтитоҳи даври сеюми Озмун
Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ якчанд озмунҳо гузаронда мешаванд ва онҳо барои тақвияти донишу маҳорати ҳамаи қишри ҷомеа кумак карда, ҷиҳати шинохту муаррифии осори гузаштагон ва фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик заминаи мусоид мегузоранд.
Мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, пеш аз ҳама, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав мебошад.
Зикр гардид, ки дар даври сеюми Озмун 602 нафар ширкат меварзанд.
АШТ
Ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маъракаи ҷамъоварии пахта дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии "Судҷа" иштирок намуд.
Маълумот дода шуд, ки Ассотсиатсия соли ҷорӣ дар майдони 285 гектар чигит кишт намуда, нақша дорад, ки аз ҳар гектар беш аз 30-сентнерӣ ҳосил ба даст оварад.
Дар хоҷагиҳо имсол тухмиҳои хушсифат кишт шудаанд, ки аз ҷиҳати сари вақт расидан ва ҳосилнокии баланд бартарии зиёд доранд.
