ШАРАФИ ВАТАНДОРӢ
Дар толори Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ – рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва муқаддасоти ҷовидонӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар кори Конфронс роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Ректори Донишгоҳ Шероз Муминзода зикр кард, ки барои мардуми тоҷик истиқлоли давлатӣ марҳалаи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва дигар иштирокчиён оид ба аҳамияти истиқлоли давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Дар бахши илмӣ доир ба масъалаҳои рушди давлатдории миллӣ, саҳми занон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди илми ҳуқуқшиносӣ, дипломатияи миллӣ, сармояи инсонӣ ва таҳаввулоти инноватсионӣ маърузаҳо пешкаш шуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
