КӮШОНИЁН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ НОҲИЯ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Кӯшониён сафар карда, дар ҷараёни ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси иншоотҳои муҳим ширкат карда, ҳамзамон, бо кори деҳқонон аз наздик шинос шуд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави муассисаи таълимии сеошёна бо таҳхона барои 720 хонанда дар як баст ширкат кард. Муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа, дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 бунёд мешавад. Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зубайдулло Соҳибзода ба роҳ монда шудааст.
Дар маросими гузоштани санги асос таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо масъулин ва сокинони маҳал ташаббуси соҳибкор Зубайдулло Соҳибзодаро муҳим арзёбӣ намуда, саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, қобили дастгирӣ ва намунаи ибрат барои дигар соҳибкорон донист.
Зимнан, бо иштироки Давлаталӣ Саид бинои нави бунгоҳи тиббӣ ва дорухона дар деҳаи Вахшрӯд, ки аз ҷониби соҳибкор Иброҳим Муродов сохта шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти иҷтимоӣ дар маҳалҳои дурдаст барои беҳтар намудани сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Фароҳам овардани шароити дастрас барои гирифтани ёрии тиббӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи сафар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Маркази инкишофи барвақтии кӯдак дар назди МТМУ №26 ба истифода дода шуд. Маркази мазкур барои қабули 50 кӯдак дар ду баст пешбинӣ гардида, барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон заминаи муносиб фароҳам меорад.
Дар идомаи сафар раиси вилояти Хатлон бо раванди корҳои сохтмонии як қатор иншооти соҳаи маориф дар деҳоти Заргар шинос шуда, ба масъулини соҳа ва пудратчиён супориш дод, ки корҳои сохтмониро бо риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар сатҳи баланди сифат анҷом дода, иншоотро дар муҳлатҳои муайянгардида ба истифода омода намоянд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
