ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШИРКАТИ «CHINA DATANG» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБӢ МЕСОЗАД

ШИРКАТИ «CHINA DATANG» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБӢ МЕСОЗАД

03 июл 2024, Чоршанбе
0
0

Зимни вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии Корпоратсияи «China Datang» Ван Хао ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла истеҳсоли «энергияи сабз», изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, ки раис доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии чинӣ изҳори омодагӣ кард. Дар навбати худ, Ван Хао таъкид намуд, ки ширкат нақша дорад дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бисозад. Неругоҳ имкон хоҳад  дошт, ки то 500 МВт неруи барқ истеҳсол намояд.


Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив