ХАТЛОН. ТАҚДИМИ 13 ЭЛЕКТРОМОТОРОЛЛЕР БА ШАҲРУ НОҲИЯҲО
Бо афзудани нуфуси аҳолӣ, сари вақт аз партов тоза кардани мавзеъҳои сераҳолӣ барои аксар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мавзуи ҳалталаб ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади осонтар кардани партовкашонӣ аз ҷониби КФД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и вилоят, чанд рӯз пеш бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе шаҳру ноҳияҳо 13 электромотороллери боркаш тақдим гардид.
Аз ин ташаббус масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоят басо хушнуд гардиданд. Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи саноату сохтмон Эшбуризода Баҳриддин ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хушвахтзода Мақсудҷон бо арзи сипос ба роҳбарияти Кумита иброз доштанд, ки иқдоми мазкур имкон медиҳад, то кӯчаҳои марказӣ саривақт аз партов тоза шаванд. Чунин дастгириҳо барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист хеле заруранд.
Зокир Ҳасан, "Ҷумҳурият"