ХАТЛОН 430 ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ ЗАМИН ДАР ШАШ МОҲ
Бино ба иттилои Варқа Зайниддинов, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, прокурори вилоят Авазҷон Назарзода зимни баромади худ иброз дошт, ки назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ санҷишҳо гузаронда шуданд. Дар натиҷа, 23 ҳазору 537 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 1286 адад ё 5,4 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Вобаста ба қонунгузории буҷет бошад, 325 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, зиёда аз 1 миллион сомонӣ зарар барқарор шуд. 32 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба азхудкунии молу мулки ғайр оғоз ва тафтиш гардид.
Дар натиҷаи санҷишҳои гузарондашуда дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим, дар маҷмуъ, 406 қонунвайронкунӣ ошкор шуда, нисбат ба 238 нафар ҷазои интизомию маъмурӣ ва нисбат ба 2 кас парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.
Ҳолати иҷрои қонунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, дар ин самт 99 санҷиш гузаронда, 430 қонунвайронкунӣ ошкор гашт. Дар натиҷа, 2077 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои ба замин алоқаманд, 306 парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, 1,1 миллион сомонӣ барқарор гашт.
Сатҳи содиршавии ҷиноят ба ҳолати 1-уми июни соли 2024 тамоюли болоравӣ дошта, 2792 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 171 ҷиноят ё 6,52 дарсад зиёд аст.
Ҳамчунин, прокурори вилоят зикр намуд, ки ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хосса дода шуда, дар ин давра 110 санҷиш гузаронда, 3521 қонунвайронкунӣ ошкор, 928 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 426 ба ҷавобгарии моддӣ ва 744 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 124 парвандаи ҷиноӣ оғоз ва зарар ба маблағи 13,2 миллион сомонӣ барқарор гардид.
Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 25 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шуд, ки маблағи зарар 7,7 миллион сомониро ташкил намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137