Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ
22-юми июл дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонию сабзазоркунӣ баргузор шуд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст, ки дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда ва намояндагони ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа иҷрои нақшаи амалии Гурӯҳи корӣ иборат аз 33 банд дар самтҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Баррасии масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ITFC ва ICD
21-уми июл дар шаҳри Ҷидда мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳонӣ Солим Сунбул баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо корпоратсияҳои мазкур, ки муассисаҳои Гурӯҳи Бонки исломии рушд доир ба ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба ҳисоб мераванд, баррасӣ шуданд.
Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон
23-юми июл сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон Фарҳод Салим бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон хонум Йоко Камикава мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва омодагӣ ба нахустин саммити сарварони кишварҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаи Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ
22-юми июл ҷаласаи Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) баргузор гардид.
Дар он муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳкими муносибатҳо дар доираи SPECA аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра
Дар Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ба кори худ оғоз намуд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илм ба мо тавзеҳ доданд, озмуни мазкур ду бахшро дар бар гирифта, дар бахши аввал довталабон аз фанҳои забон, адабиёт ва риёзиёт имтиҳон супурданд. Дар идомаи озмун довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 12 фанни таълимӣ ва довталабони аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 6 фанни таълимӣ имтиҳон супурданд. Натиҷаи озмун баъди ҷамъбасти холҳои ниҳоии довталабон муайян карда мешавад.
Афзоиши теъдоди довталабони Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
Таҳлили ҷамъбасти даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд аст.
Муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки дар даври якуми Озмун 5302 довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм ва аз ин боқимонда 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Маҷористон дар соҳаи авиатсия
23-юми июл дар шаҳри Душанбе вохӯрии директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода ва директори генералии Агентии авиатсияи граждании Маҷористон Мате Ловингер доир гардид.
Тавре дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба мо тавзеҳ доданд, зимни мулоқот масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва васеъ намудани хатсайри парвозҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳадафҳои муштараки худро дар бобати боз ҳам зиёд кардани иқтидор барои тарғиби талаботи рӯзафзуни парвози ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Маҷористон тасдиқ намуданд.
Таъсиси ситоди махсуси Форуми соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2024»
25-26-уми июл дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест–2024» баргузор мешавад. Дар робита ба ин, дар назди МИМҲД ВМКБ ситод оид ба омодагӣ ба баргузории Форум ба фаъолияти худ оғоз кард.
Хабарнигори минтақавии мо Раҳмони Гулзор иттилоъ медиҳад, ки Форум барои пешрафти соҳаи иқтисодии вилоят хеле муҳим буда, яке аз ҳадафҳои он ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва рушду равнақи соҳибкорӣ дар ин манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад.
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)