ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ПОЙТАХТ

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ПОЙТАХТ

26 июл 2024, Ҷумъа
21
0
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо аҳли ҷамоатчигии пойтахт суҳбати судманде доир намуданд. 
 
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, сардорону мудирони шуъбаву раёсатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи раиси шаҳр, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва раисони маҳаллаҳо ҳузур доштанд.
Мулоқоти мазкур дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми март ва 30-юми майи соли 2024 бо аҳли илм ва маориф ва дастуру супоришҳои протоколии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, харидуфурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ доир гардид.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.07.2024 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив