ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

26 июл 2024, Ҷумъа
41
0
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ 
Камбудиҳои ҷойдошта дар роҳҳои ҷумҳурӣ бартараф мешаванд 
Тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари ИМА тибқи  созишномаҳои қарзию грантӣ, татбиқ шуда истодааст. Айни ҳол дар роҳҳои автомобилгарди Обигарм – Нуробод, Душанбе – Бохтар, Қизилқалъа – Бохтар, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт, Данғара – Лолазор, Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон ва марҳалаи 2-юми сохтмони нақби «Истиқлол» корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд. 
Дар ин бора дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар шаш моҳи аввали соли равон, иттилоъ доданд.
Таъкид шуд, ки имсол мувофиқи нақша 5 лоиҳа ба маблағи умумии 436  миллион  доллари ИМА, аз қабили Роғун – Обигарм – Нуробод бо масофаи 76 км, аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун 11 км, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара 69 км, марҳалаи дуюми нақби «Истиқлол», идоракунии пулҳо бояд ба истифода дода шаванд.   
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, иброз дошт, ки аз ҷониби Вазорат дар самти бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи  роҳу нақлиёт, роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва насбу ҷобаҷогузории аломатҳои роҳ дар минтақаҳои гуногуни сайёҳӣ ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
 
Ш. ҚУРБОН 
 
 
 
 
КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ
1041 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти бехатарии озуқаворӣ 1748 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба буҷети ҷумҳуриявӣ 451546 сомонӣ маблағи ҷаримаҳо ворид гардид.
Ин нуктаро Муҳаммадсаид  Файзуллозода, раиси  Кумитаи  бехатарии озуқавории  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Зикр гардид, ки шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи РБДА-и ВКД, дар бозорҳои истеъмолӣ, нуқтаҳои савдои маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар иншооти таҳти назоратро дар самти назорати интиқол, коркард, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулотро идома дода, нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои байторӣ-беҳдоштӣ, фитосанитарӣ ва тухмӣ 1041 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол намуд.
Ҳамчунин, барои вайрон кардани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар ин давра нисбат ба 54 соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Маблағи ҷарима дар ҳаҷми 98616 сомонӣ пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол ёфт.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ЭНЕРГЕТИКА.  ТАТБИҚИ 11 ЛОИҲАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ 
– Маблағи қарзи дебитории неруи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пеш то якуми июли соли равон 3 миллиарду 831,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла қарзи аҳолӣ ба 1 миллиарду 626,4 миллион сомонӣ расидааст. ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» 492,5 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 134,3 миллион сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 87,2 миллион сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 113,3 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 миллиарду 377,6 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, – гуфт дар нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа.
Тавре вазир дар идомаи нишаст иброз дошт, ҳоло дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки дар доираи лоиҳаҳо беш аз 1,431 миллиард доллари ИМА маблағ ҷалб шудааст. Ин лоиҳаҳо «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳалаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара) мебошанд. Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. 
Дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 783,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафт ва гази моеъ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10,3 дарсад бештар мебошад. 
 
Кароматулло АТО
 
 
 
 
ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ.  СОДИРОТИ 131,6 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТ БА ХОРИҶА
Муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ 131,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, меваи тару хушк, тухми мурғ, рустаниҳои доруӣ ва ғайра, ба маблағи 124,4 миллион доллари ИМА содирот шуд. 
Соли равон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 56 дарсад ва бахши аҳолӣ 44 дарсад мебошад. Истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5601 тонна зиёд буда, ба 267111 тонна баробар гардид. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои парандапарварӣ 228 адад мебошад, ки 112-тоаш ба истеҳсоли гӯшти паранда машғул аст. То якуми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 19187 тонна гӯшти парҳезӣ ба даст омад, вале назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4630 тонна кам аст.
Нигина Анварӣ изҳор дошт, ки баланд шудани нархи гӯшт ба чанд омил вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, яке аз омилҳо он аст, ки хӯроки саноатии чорво бештар аз хориҷи кишвар ворид мегардад. 
 
Кароматулло АТО
 
 
КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040 қабул гардид
Кабудизор ва хуррамгардонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он буда, аз ҷониби Кумита дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизорсозии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3139504 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда шуд, ки 129 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар 14568860 бех гулу буттаҳо шинонданд, дар майдони 266 647 метри мураббаъ майсазор ташкил гардид. 
Лоиқ Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, изҳор намуд, ки кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза ёфт, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе дар доираи амалигардонии ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишварамон корҳо идома доранд. Бо иқдоми Кумита ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавсими кабудизоркунӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, талу теппаҳои кӯчаи Айнӣ ва оромгоҳи Лучоб, инчунин дар ҳудуди Боғи Ғалаба 4300 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуданд. Чунин аксияҳои ниҳолшинонӣ бо иштироки роҳбарон ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шоҳроҳҳои Душанбе-Ваҳдат-Норак-Кӯлоб, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат-Лахш ва Душанбе-Чаноқ доир гардиданд. 
Кумита барои боз ҳам сабзгардонии ҳудуди ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024, таҳти рақами 374 ба тасвиб расид. Иҷрои Барнома диёри азизамонро ба кишвари ҳамешабаҳор табдил хоҳад дод.   
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Шумораи занони роҳбар меафзояд
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18384 нафар ва синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 36, 8 солро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора ҷавонони то 35-сола 8986 нафар буда,  нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 10 нафар камтар мебошад. Дар ин хусус Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Боиси сарфарозист, ки дар баробари камбудиву норасоии кадрҳои хизмати давлатӣ имрӯз теъдоди занони роҳбар 1211 нафарро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 нафар зиёд шудааст. 
Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 21 курси таълимӣ, аз ҷумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 12 курси такмили ихтисос  дар Академия, 1 курси таҷрибаомӯзӣ ва 5 курси сайёр дар маҳалҳо доир шуда, 1152 нафар хизматчии давлатӣ, ки аз онҳо 206 нафар занон ва 503 нафар ҷавонони то 35-сола мебошанд, ба таълим фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар солҳои 2019 -2024 курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди то 40-сола 222 нафар зан (аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дар 3 давра ба муҳлати 30-рӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд. Ҷумъа Давлатов дар рафти нишаст бо ҳисси нигаронӣ аз фаъол набудани сомонаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ванҷ, Шуғнон, Шаҳринав, Тоҷикобод ва Лахш сухан кард.
Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ҲАБИБУЛЛО НАЗАРЗОДА: «ҲАМКОРИҲО  ҶИҲАТИ РУШДИ СОҲА ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД»
Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони васоити ахбори омма иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 бо мақсади рушди соҳа, густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо мамлакатҳои хориҷӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ, афзудани хатсайрҳои байналмилалӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд.
Аз ҷумла, бо мақсади дар амал татбиқ намудани тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ, бо намояндагони он якчанд вохӯрӣ баргузор гардид. Дар мулоқотҳо бо тавсияи Бонки ҷаҳонӣ масъалаи ҷорӣ намудани сиёсати “Осмони кушод” дар фазои ҳавоии Тоҷикистон ва ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ мутобиқ намудани соҳаи авиатсияи граждании мо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ, бо 28 кишвари хориҷӣ созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расиданд. Ҳамчунин, лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Сингапур, Миср, Кипр ва Литва дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд,  – таъкид гардид дар нишаст.
Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
ХАДАМОТИ АЛОҚА
Даромад 2 миллиарду 77 миллион сомонӣ 
Дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 даромади умумии соҳаи алоқаи барқӣ 2 миллиарду 77 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 900 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб рафта, дар иҷрои нақша тамоми сохторҳои алоқа якҷо бо провайдерони миллӣ ва истифодабарандагони алоқаи барқӣ ва Интернет саҳмгузоранд.
Аҳлиддин Муртазозода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дод, ки барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати алоқаи барқӣ ва Интернет дар ҳудуди мамлакат 157 истгоҳи пойгоҳии насли 4G насб гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳамчунин, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ барои беҳтар кардани хизматрасонии алоқа таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди аккумулятор, генератор ва дизелгенераторҳо харида шуданд. Аз ҷумла, ширкати мобилии «Tcell» 545 маҷмуи таҷҳизоти алоқаи мобилӣ дарёфт намуд. 
Ширкатҳои мобилӣ барои баланд бардоштани сифати Интернет аз ҳисоби зиёд кардани мегабайт арзиши Интернетро поин бурда, ҳаҷми 100 гигабайти Интернет ба арзиши 101 сомонӣ  баробар карда шуд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
Донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғалаба ба даст меоранд, то 30 ҳазор сомонӣ ҳавасманд мешаванд  
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон ва донишҷӯёнеро, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ  ғалаба ба даст меоранд, аз 10 то 30 ҳазор сомонӣ ҳавасманд менамояд.  Дар баробари ин, ба роҳбарон 10 ҳазор сомонӣ ва роҳхат ба осоишгоҳ супурда мешавад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ ректори Академия Даврон Сафарзода баён дошт. 
Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки таъмини шароити мусоиди зиндагии кормандони соҳаи илму маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор дошта, ҳамасола музди меҳнати онҳо баланд бардошта мешавад. Ин аст, ки имсол низ музди меҳнати кормандонаи соҳаи илму маориф  аз ҳисоби буҷети давлатӣ 40 дарсад зиёд гардид. Дар пайравӣ ба ин иқдом, шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2024 бо ташаббуси  раёсати Академия маоши устодону кормандон дар ҳаҷми 10 фоиз аз ҳисоби маблағҳои махсус зиёд карда мешавад.
Лола РИЗОӢ
 
 
 
Аҳлиддин Ибодуллозода: "Маблағҳои ҳавасмандгардонӣ боз ҳам бештар мешаванд"
Боиси ифтихор аст, ки бори аввал соли 2024 аз 400 иштирокдори озмунҳои ҷумҳуриявӣ 73 нафар донишҷӯю омӯзгори Донишгоҳ ба даври шаҳриву ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанду ҳоло ба даври навбатӣ омодагӣ мебинанд, - гуфт Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар нишасти хабарӣ.
Гуфта шуд, ки дар ин муддат танҳо ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ  омӯзгорону донишҷӯён бо маблағи 300 ҳазор  сомонӣ қадр гардиданд ва соли нави таҳсил ҳаҷми маблағи ҳавасмандгардонӣ боз ҳам бештар мешавад. 
Дар ин замина, музди маоши мудирони кафедраҳо аз ҳисоби басти вазифавӣ 80 дарсад зиёд шуда, ба 3000 сомонӣ баробар хоҳад шуд. 
Аҳлиддин Ибодуллозода таъкид дошт: “Илова бар ин, як бинои наву замонавии 5-ошёнаи таълимӣ ва дар факултетҳои химия, биологияву физика  лабораторияи нав барои таҷрибаомӯзиву дарсҳои лабораторӣ дар соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегиранд.
Лола РИЗОӢ 
 
 
ДОНИШГОҲИ АГРАРӢ
Ҳамкорӣ бо 120 ташкилоту муассисаи олӣ ва илмии хориҷӣ 
– Моҳи феврали соли   2024 дар 2 гектар боғи интенсивии дарахтони мевадиҳандаи себ, гелос, олу ва 0,5 гектар боғи модарии дорои 12500 тагпайванд корҳои профилактикӣ: буридани шоху навдаҳои хушкшудаву зиёдатӣ ва коркарди зимистонаи кимиёвӣ гузаронда шуданд, – иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур. 
Мавсуф зикр намуд, ки заминаҳои моддию техникии парки технологиро 4 гармхонаи гулпарварӣ, 2 гармхонаи лимӯпарварӣ, 4 ҳавзи моҳипарварӣ ва хоҷагии КВТТ «Ҳисор» ташкил менамоянд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар гармхонаҳо, асосан, сабзавоти навъҳои туркӣ парвариш карданд. Ҳамчунин, Донишгоҳ бо 120 ташкилоту муассисаи олӣ ва илмии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар пайи амалисозии 9 лоиҳаи грантӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. 
Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ДДТТ 
Ду неругоҳи барқи офтобӣ фаъол шуд
Бо назардошти иқлими Тоҷикистон, ки дар як сол 280- 330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 19 кВт сохта ба истифода дода шуд, - гуфт Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳ, дар нишасти хабарӣ.
Зикр гашт, ки дар навбати аввал аз барқи офтобӣ барои равшан намудани саҳни Донишгоҳ, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои таълимӣ истифода мебаранд. Дар оянда Донишгоҳ пурра бо барқе, ки аз неругоҳҳои барқи офтобӣ тавлид мешавад, таъмин мегардад. 
Дар нишаст таъкид гашт, ки дастпарварон ва омӯзгорони ДДТТ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Полша, Испания, Италия, Португалия ва Австралия рисолаи доктор PhD ҳимоя намуданд. 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
ДТТ 
Таъсиси факултети нав  
Дар робита ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30-юми майи соли 2024 бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гашта буд, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 29-уми июн факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд.
Ин нуктаро Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ҳамчунин, зикр кард, ки дар самти омода кардани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонони соҳавӣ 28 номгӯйи корҳои илмию тадқиқотии муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Аврупо,Чин, Ӯзбекистон мавриди корбарӣ қарор доранд.
Таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 барои пешбурди фаъолияти озмоишгоҳи ташхиси обҳои партов 41 маводу таҷҳизоти замонавӣ дастрас шуд. Онҳо барои пайвасти илм бо истеҳсолот давоми сол пурра ба фаъолият мепардозанд. 
 Лола РИЗОӢ 
 
 
 
АГЕНТИИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ
Ҳолати мелиоративии беш аз 80 ҳазор гектар замин беҳ мегардад 
"Имсол дар ҷумҳурӣ омадани сел зиёд ба назар расид, заминҳои корам низ зарар диданд. Бисёртар киштаҳои ноҳияҳои  Балҷувон, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат зери обу лой монданд. Мо дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои бартараф кардани оқибатҳои сел кор бурда истодаем", – ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода ибоз дошт.  
Зикр шуд, ки дар доираи Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии замини обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ҳолати ғайриқанотбахши мелиоративии беш аз 80 ҳазор гектар замин беҳ мегардад. Маблағи Барнома зиёда аз 100 миллион сомонӣ буда, аз рӯйи нақша  бояд имсол обёрии 9 ҳазору 800 гектар майдон таъмин шавад, то кунун корҳо дар 3 ҳазору 800 гектар ба анҷом расиданд. Заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш бештар дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Данғара, Вахш, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва шаҳри Конибодом ба назар мерасанд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
МИНТАҚАИ КӮЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
652 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ба корҷӯён 
Ҷӯрабек Қурбонзода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 8 ҳазор корҷӯй ба бахшу шуъбаҳои Агентӣ муроҷиат кард. Аз ин шумор, 7 ҳазору 598 нафар ҳамчун бекор сабти ном гардид. Дар давраи ҳисоботӣ 4 ҳазору 925 нафар бо ҷойи кори доимию муваққатӣ таъмин шуд, ки 60 дарсади корҷӯёнро дар бар мегирад. 
Мавсуф иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 54 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гашт, бештар аз 700 нафар барои худ кори мувофиқ ёфт. Инчунин, ба 1074 нафар, ки мақоми бекор дода шудааст, кумакпулӣ пардохта шуд. 
Ҷӯрабек Қурбонзода гуфт, ки барои ба корҳои тиҷорат,  хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҷалб намудани бекорон, ба онҳо 652 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок пешниҳод гардид.
Суннати СОДИҚ
 
 
 
Аскархон Соҳибзода: “Имсол 10 иншоот ба истифода дода мешавад” 
Сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Аскархон Соҳибзода, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соли ҷорӣ бунёд ва навсозии 10 иншооти соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва коммуналӣ  пешбинӣ шудааст, аз ҷумла 3 иншооти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 1 иншооти комплекси сӯзишворию энергетикӣ, 1 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 6 иншооти соҳаи коммуналӣ дар шаҳраки Баҳманрӯд. 
Ба гуфтаи А. Соҳибзода, аллакай, хатти интиқоли барқ ба деҳаҳои Бобоносир  ва Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳин, бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №34-и деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ барои 640 нафар дар ду баст, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод баистифодабарӣ омода шудаанд. Барқарор намудани наҳри шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик ба дарозии 4 километр анҷом ёфт. Соҳилҳои дарё дар ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Фархор ба дарозии 1240 метр низ, мустаҳкам карда шуданд. 
Суннати СОДИҚ
Санаи нашр: 26.07.2024 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив