ВИЛОЯТИ СУҒД. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки зиёди намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриву маҳаллӣ ва расонаҳои хориҷӣ ҷараён гирифт.
Раиси вилоят нахуст аз натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 гузориш дода, иброз дошт, ки дастовардҳо дар ҳамаи самтҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 назаррасанд. Масалан, қисми даромади буҷет ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 ба андозаи 105,3 дарсад ба иҷро расида, 1 миллиарду 606, 8 миллион сомониро ташкил кард. Саноат равнақ ёфта, ҳамаи корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият дар маҷмуъ, ба маблағи 12 миллиарду 831 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
– Хушбахтона, – таъкид кард раиси вилояти Суғд,- тавлиди маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда афзуд. Воридоти номгӯйи маҳсулоти ғизоӣ низ бо назардошти афзоиш ёфтани онҳо дар коргоҳҳои ватанӣ ба маротиб коҳиш меёбанд, ки ин низ аз ҷумлаи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 4,6 фоиз зиёд шуааст, аз ҷумла орд 16,7 фоиз, маҳсулоти консервӣ 0,7 фоиз ва меваи хушк 1,5 баробар.
– Дар шаш моҳи соли равон ба миқдори 60 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш даҳ дарсад зиёд мебошад. Тибқи маълумоти расмии Хадамоти гумруки вилояти Суғд гардиши савдои хориҷии вилоят 1 миллиарду 475,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 124,8 миллион доллар зиёд мебошад. Феълан, вилояти Суғд бо 51 мамолики хориҷии дуру наздик савдои хориҷиро ба роҳ мондааст.
Дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба суолҳо дар мавзуи таъмини заминҳои навоҳии Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт бо оби полизӣ, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, коҳиш додани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба ин васила дар худи маҳал ташкил додани ҷойҳои нави корӣ, дарёфти муродифҳои нави таъмини аҳолӣ бо барқ дар фасли тирамоҳу зимистон, бунёди мактабу беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатӣ, фаъолияти муътадили нақлиёти ҷамъиятӣ, вазъи сарҳад, муносибатҳои судманду ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя посухҳои мушаххас ва муфассал дод.
Ҷовиди АШТӢ
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)