АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ
Бунёди 14571 иншоот дар нимсолаи аввал
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди мамлакат бунёди 28649 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд, ба ҳолати 1-уми июл 14571 иншоот бо таъсиси 31971 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки нисбат ба дурнамо кам аст, аммо ба истиқболи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бо суръат идома доранд.
Ин матлабро Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Аз шумораи умумии иншооти нақшавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 691, вилоятҳои Суғд 6721, Хатлон 3034, шаҳри Душанбе 1892, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1819 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Зикр гардид, ки ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ, дар маҷмуъ, ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳру деҳоти кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаю ташкилотҳои Кумитаи мазкур мебошад. Бо ин мақсад, дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳи соли сипаришуда ва баҳори соли ҷорӣ 3 миллиону 139 ҳазору 504 бех ниҳол, аз қабили ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ, мевадиҳанда, гулу буттаҳои мавсимӣ, гули лола, қаламча, майса шинонда шуда, инчунин корҳои барқарорсозии боғҳои куҳна (701,2 гектар) ва бунёди боғҳои нав (419,44 гектар) ба анҷом расонда шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ
Зарардидагони офати табиӣ бо қитъаи замин таъмин мешаванд
Зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ба саволи хабарнигори рӯзнома вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чунин посух дод:
– Имсол дар натиҷаи омадани сел аҳолӣ осеби ҷиддӣ дид. Масъалаи ба ҷойҳои бехавф кӯчондани сокинони зарардида ва таъмини онҳо бо манзили зист дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад. Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфтааст. Мо ба Нуробод сафари корӣ доштем. Дар ноҳия наздики 24 гектар замин ҳамчун замини фонди манзил интихоб ва тақсим шуд. Сохтмони хонаҳо аз ҷониби аҳолӣ бо суръат идома дорад, аз тарафи Ҳукумат кумаки моддӣ низ расонда шуд. 22 хонае, ки пурра аз байн рафта буд, то мавсими сармо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Масъалаи ба зарардидагони ноҳияи Сангвор ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ низ дар арафаи ҳаллу фасл қарор дорад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР
55 ҷиноят вобаста ба интиқоли маводи нашъаовар ошкор шуд
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 55 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор карда, фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 37 нафар ошкор ва қатъ намуд. Аз ҷониби Агентӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва хориҷӣ 3 амалиёти муштарак гузаронда, 7 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир гардид. Дар ин бора Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мувофиқи маълумот, дар шашмоҳаи якуми соли 2024 аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 96 кг маводи нашъаовар, 13 ҳазору 731 дона ҳабҳои психотропӣ, инчунин 84 кг моддаҳои психотропӣ дар шакли хока мусодира шудаанд, аз ҷумла дар ҳудуди вилояти Хатлон, 1 тоннаву 381 кг маводи нашъадор мусодира гардид.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ТОҶИКСТАНДАРТ
Дар соҳаи таъмини ченаки ягона ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардиданд
Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи қонунгузории соҳаи таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 245 санҷиш гузаронда шуда, 19 ҳуқуқвайронкунӣ ошкор гашт. Инчунин, аз 833007 воситаи ченаки зери санҷиш қароргирифа 541-тоаш бо сабабҳои муҳлати санҷишашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан корношоям ҳисобида шуд, – изҳор дошт Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии мазкур, зимни нишасти матбуотӣ.
Дар робита ба санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ зикр шуд, ки бо мақсади кам кардани талафоти барқ як қатор корҳо анҷом пазируфтанд. Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» нақша-ҷадвали санҷиши давлатии ҳисобкунакҳои барқӣ барои соли 2024 таҳия, мувофиқа ва тасдиқ гардида, озмоишгоҳҳои санҷишӣ пурра дар асоси нақшаи мазкур фаъолият доранд. Дар ин давра, ба ҷойи 72774 адад 111025 ҳисобкунаки барқӣ аз санҷиш гузаронда шуд, ки 152 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Баъди гузарондани озмоиш ва таҳлили метрологии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ 31 навъи воситаи ченаки истеҳсоли мамлакатҳои хориҷи дур ва ИДМ тасдиқ гардида, дар феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НОҲИЯИ НУРОБОД
Корхонаҳо фаъол хоҳанд шуд
Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳияи Нуробод, зимни нишасти матбуотӣ аз вазъи кунунии корхонаву идораҳои ноҳия иттилоъ дода, бо ҳисси нигаронӣ дар хусуси аз фаъолият мондани корхонаҳои хишти пухта, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва парандапарварӣ ибрози назар намуд.
Бо қатъи фаъолияти ин корхонаҳо садҳо нафар аз ҷойи кори доимӣ маҳрум гардид.
Дар ҷавоб ба саволҳои хабарнигорон масъалаи мазкурро чунин шарҳ дод: «Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021-ум корхонаи парандапарварии «Сари қош» ба истифода дода шуд. Мутаассифона, як сол мешавад, ки аз кор мондааст. Сабабаш набудани пойгоҳи хӯрокворӣ барои паранда мебошад. Соҳибкоре, ки корхонаи истеҳсоли хишти пухта таъсис додааст, ба мо гуфт, ки коргар намеёбад. Муассисони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Нуробод ҳам мегӯянд, ки бинобар надоштани даромад, корхонаро бастаанд». Ба гуфтаи раиси ноҳия, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нисбат ба соҳибкорон ва фаъолияти онҳо монеа мавҷуд набуда, онҳо дар доираи имконият дасгирӣ меёбанд ва умед аст, ки корхонаҳои болозикр дубора фаъол шаванд.
Гулнисои САЪДОНШО
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)