ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒУРТА.  БАРДОШТИ НИМСОЛА ДАР БМТ

СУҒУРТА.  БАРДОШТИ НИМСОЛА ДАР БМТ

30 июл 2024, Сешанбе
22
0
23-юми июл таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори БМТ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид. 
Фирдавс Толибзода зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми суғурта фаъолият карда, ислоҳоти соҳаро амалӣ менамояд. Дар ин самт ислоҳоти доманадор идома дошта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” тағйиру иловаҳои дахлдор аз 1-уми марти соли 2024 ворид гардиданд ва дар ин замина таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба нақша гирифта шудаанд. 
Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд зимни татбиқи ислоҳоти пешгирифта мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро бартараф менамояд. Дар доираи чунин ҳамкорӣ лоиҳаи “Стратегияи рушди бозори суғурта барои солҳои 2024-2027” таҳия гардид, ки он ба рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат равона шуда, дар марҳалаи баррасии ниҳоӣ ва қабул қарор дорад. 
Муовини сардори идораи назорати суғуртавӣ Бобурхон Бобоев ба иштирокдорони ҷаласа оид ба “Ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024” бо рӯнамои муфассал суханронӣ кард. 
Номбурда доир ба фарогирии бозори суғуртаи кишвар, нишондиҳандаҳои асосии соҳа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули мақоми назорати суғуртавӣ, мониторинги ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар низоми суғурта ва дурнамои рушди низоми суғурта барои давраи миёнамуҳлат маълумот пешниҳод намуд. 
Роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ баъди маърузаи Бобурхон Бобоев вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои ташкилотҳои худ дар нимсолаи оянда дар назди роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот манзур намуданд. 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст, барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ фаъолияташонро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба роҳ монда, дар масъалаҳои таъмини пардохтпазирӣ, устувории молиявӣ, сифати хизматрасонӣ, саҳмгузорӣ ба иқтисоди сабз, ҷорӣ намудани маҳсулотҳои муосири суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва вусъати корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
  
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив