ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024

01 август 2024, Панҷшанбе
32
0
Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали биринҷӣ гардид
30-юми июл дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Сомон дар даври аввал озод буда, дар марҳалаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати навбатӣ бар Франк де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.
Дар даври чорякниҳоӣ варзишгари тоҷик аз Тато Григалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрда, дар марҳалаи тасаллобахш бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Болтабоев дастболо гардид.
Варзишгари тоҷик дар рақобат барои ҷойи сеюм варзишгари Италия Антонио Эспозиторро мағлуб карда, сазовори медали биринҷӣ гашт. 
 
 
Намояндаи доимии Тоҷикистон ба директори генералии ЮНЕСКО эътимоднома супурд
29-уми июл намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Дилшод Раҳимӣ ба Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле эътимоднома супурд. 
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо иттилоъ доданд, ки пас аз супурдани эътимоднома мулоқот доир шуда, дар он ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро хуб арзёбӣ намуданд ва оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкорӣ дар оянда табодули афкор анҷом доданд.
 
 
Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ФИФА ва Арабистони Саудӣ 
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 бо президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино вохӯрд. 
Ҷанни Инфантино иброз дошт, ки варзиш дар Тоҷикистон рушд карда, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. 
Ҳамчунин, З. Гулаҳмадзода дар шаҳри Париж бо вазири варзиш, раиси Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ ал-Файсал ас-Сауд вохӯрд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба вусъати ҳамкорӣ байни сохторҳои варзишии ду мамлакат ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.  
 
 
Вохӯрии соҳибкорони соҳаи дорусозии Ҳиндустон ва Тоҷикистон
Дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкорони соҳаи дорусозии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор шуд. 
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар Форум баҳри бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла коркард ва бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар дохили Тоҷикистон, бо ҷалби сармоягузорони Ҳиндустон ҳавасмандӣ зоҳир шуд.
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив