ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. 1206 ОМӮЗГОР СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РISA МЕШАВАД

ДУШАНБЕ. 1206 ОМӮЗГОР СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РISA МЕШАВАД

01 август 2024, Панҷшанбе
19
0
Дар МТМУ № 53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, директори Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон Жамбота Кабдикаримова, роҳбари лоиҳаи "Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Штефан Зеверт семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони шаҳри Душанбе баргузор гашт. 
Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода зикр намуд: «Бо дастгирии Вазорати маориф ва илм дар доираи татбиқи лоиҳаи “Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Донишкада дар якҷоягӣ бо Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон шуруъ аз 29-уми июл то 21-уми августи соли ҷорӣ дар се марҳала 1206 нафар омӯзгори шаҳри Душанберо аз семинари омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA мегузаронанд. Омӯзишҳо аз ҷониби тренерони Донишкада ва Маркази мазкур гузаронда мешаванд. Марҳалаи якуми ҳамкориҳо бомуваффақият ба анҷом расида, имрӯз фаъолияти якуми марҳалаи дуюми ҳамкориҳо оғоз гардиданд».
Сипас, муовини вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, мазмун ва муҳтавои Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA-ро ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи маориф баён дошт. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки омӯзгорон дар омӯзиш фаъол бошанд ва аз ҳузури ҳамтоёни қазоқи худ истифода намуда, ҷиҳати омӯзиши методу усулҳои нав саъю талош намоянд.
Жамбота Кабдикаримова ва Штефан Зеверт таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар марҳалаи рушд қарор дошта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот таъсири мусбат мерасонанд. 
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив