АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо нақшаи генералӣ таъмин мебошад
– Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, асосан ба таҳияи асноди лоиҳавию харҷномавии иншоот, нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо, таҳия, мувофиқасозӣ ва такмилдиҳии ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, аз экспертизаи давлатӣ гузарондани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ намудани онҳо машғул шуда, баҳри амалӣ намудани ин мақсадҳо кӯшиш ба харҷ доданд. Айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд, – иброз дошт Низом Мирзозода, раиси Кумитаи мазкур.
Ҳоло таҳияи лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Шуғнон, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, қисми маркази маъмурии Кӯҳистони Мастчоҳ, қисмҳои алоҳидаи шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат идома доранд. Мавриди зикр аст, ки тасҳеҳи лоиҳаи муфассали банақшагирии қисми алоҳидаи шаҳри Бохтар ва маркази шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара омода гашта, барои мувофиқа ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара пешниҳод гардидааст.
Инчунин, тасҳеҳи Нақшаи генералии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров барои 25 ҳазор нафар аҳолӣ, шаҳрҳои Ҳисор барои 55 ҳазор нафар аҳолӣ, Хуҷанд барои 300 ҳазор нафар аҳолӣ ва Панҷакент идома доранд.
Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 18 миллиону 580 ҳазору 377 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расонданд, ки аз ҳамин давраи соли 2023 зиёд аст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
КУМИТАИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ
8 парванда қатъ карда шуд
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, иброз намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 40661 маърака барпо шуд.
Мувофиқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар доир ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 КҲМҶТ 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, аз ин теъдод вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъин гашт, 8 парванда бинобар набудани ҳолатҳои қонуншиканӣ қатъ карда шуд.
Мавсуф зикр кард, ки дар асоси 343 дархост 665 номгӯй адабиёти динӣ (525 чопӣ ва 140 электронӣ) ва 13570 адад варақа аз саҳфаҳои интернетии истифодабарандагон, инчунин 163 фита, 22 телефони мобилии дар умум фарогири 5454 сабти видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод. Аз ин теъдод ба 184 дархост, бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ, хулосаи манфӣ ва ба 159 дархост хулосаи мусбат дода шуд, – гуфт Сулаймон Давлатзода.
Гулнисои САЪДОНШО
“ТОҶИКМАТЛУБОТ”
61 бозори соҳа фаъолияти муътадил дорад
Дар ҳудуди мамлакат шумораи бозорҳои раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” 61-то буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо 15 647 ададро ташкил медиҳад. Дар бозорҳо ва дигар корхонаву хоҷагиҳои кооператсияи матлубот 20 ҳазору 500 шаҳрванди кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст.
Ин матлабро Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки бозорҳои соҳа ба таври доимӣ ва муътадил фаъолият дошта, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони бозорҳо фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои мавриди ниёзи мардум ба таври васеъ амалӣ карда мешавад.
Дар соҳаи кооператсияи матлубот барои захира ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ 32 анбор дар масоҳати 32928 метри мураббаъ ва 3 сардхона бо ғунҷоиши 2100 тонна маҳсулот фаъолият доранд. Айни ҳол роҳбарони ташкилоту хоҷагиҳои соҳа вазифадор карда шудаанд, ки то оғози мавсими захираи маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи анбору сардхонаҳоро таъмир ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин намоянд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)