«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУН
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи баланд доир гашта, аз 348 иштирокдор 115 нафараш барандаи ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ дар толори раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати фарҳанг ва сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ баргузор шуд.
Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, аз номи раиси шаҳри Душанбе ғолибонро муборакбод гуфта, аз дастгириву роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар гашт. Тавре таъкид рафт, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб ҷараён дошта, мақсади он муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
Зикр гардид, ки имсол тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда, даврҳои якум ва дуюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст шуд. Ҳамагӣ дар даври якум 5302 довталаб иштирок намуда, аз он 2755 нафараш ба даври дуюм ва дар даври дуюм аз 2755 довталаб 525 нафараш ба даври сеюм роҳхат гирифт.
Дар охир ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардида, мудирони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои пойтахт барои саҳми арзанда гузоштан ва дар сатҳи зарурӣ гузарондани Озмун бо сипосномаи МИМҲД-и шаҳри Душанбе қадр шуданд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)