ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

02 август 2024, Ҷумъа
34
0
ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ.  251 КОРХОНА ТАЪСИС ЁФТ, 92-ТО АЗ ФАЪОЛИЯТ МОНД
Давоми шаш моҳи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 22,6 миллиард сомонӣ расид, ки бо нархҳои муқоисавӣ назар ба ҳамин давраи соли рафта 11,5 дарсад зиёд мебошад. Ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаи саноат 4 миллиарду 421,1 миллион сомонӣ маблағи дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардид. Дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 1714 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Корхонаҳои нав 60,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин рақамро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон баён дошт.
Корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022–2026) ва татбиқи яке аз чор ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати сабук, пилла, хӯрокворӣ, сохтмон, мошинсозӣ, мудофиа, химия, маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои қиматбаҳо, ангишт ва ғайра ифтитоҳ ёфтанд. 
Ба маълумоти Вазорат, то якуми июли соли равон, дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд ва дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои азфаъолиятмонда ба 92-то расид. Сабабҳои асосии аз кор мондани онҳо мушкилоти молиявӣ, яъне қарздории андозию бонкӣ, иҷоравӣ, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом мебошанд. 
 
Кароматулло АТО
 
 
 
АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА.  НАФАҚАИ БЕШ АЗ 775000 НАФАР ИНДЕКСАТСИЯ ШУД
Дар шашмоҳаи аввали соли равон талабот барои маблағгузории нафақа 1 миллиарду 852,7 миллион сомониро ташкил кард ва ҳоло дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад. Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 171,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки назар ба нақша 55 миллион сомонӣ бештар аст.
Тавре Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, зимни нишасти матбуотӣ, иброз дошт, имсол андозаи нафақаи 775008 нафақагире, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифт, мавриди индексатсия қарор ёфт. Дар натиҷа, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 290244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ, нафақаи меҳнатии 294530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоии 190234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар гардид. 
Зикр гашт, ки индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз оғози моҳи июли соли равон нафақа бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегардад. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар истироҳатгоҳҳо 4,5 миллион сомонӣ интиқол ёфт.
 
Кароматулло АТО
 
 
 
 
ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ.  3 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА БУҶЕТИ ДАВЛАТ ИНТИҚОЛ ЁФТ
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки кормандони мо дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ зимни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ дар чанд субъектҳои хоҷагидор қонунвайронкунии зиддиинҳисориро ба маблағи 3 миллион сомонӣ ошкор намуда, ба буҷети давлат интиқол доданд. 
Хадамоти зидиинҳисорӣ мониторинги 20 номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурро дар бозори берунӣ ва дохили ҷумҳурӣ гузаронда, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи Хадамот 70 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 32 муассисаи тиббӣ ва 38 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, нархномаҳо мувофиқа карда шуданд. 
Дар ин давра 13 муроҷиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз рӯйи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул гаштанд.
 «Таҳлилҳо ошкор месозанд, ки дар моҳи июл дар бозорҳои ҷумҳурӣ афзоишёбии нархи гӯшти гов ба назар расида, 1 килограмми он 75-85 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Нархи гӯшти гов назар ба аввали сол 12,8 ва гӯшти гӯсфанд 7,7 дарсад афзудааст», – гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Қурбонзода, ин нишондиҳандаро масъулони бозор дар кам шудани саршумори чорво рабт медиҳанд, аммо ба маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 88,3 ҳазор тонна гӯшти чорво дар вазни зинда истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 11,3 ҳазор тонна зиёд аст. 
 
Кароматулло АТО
 
 
 
АМИТ
Лабораторияҳо фаъол мешаванд
Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 озмоишгоҳи замонавӣ дар Институти физикаи ба номи С.Умаров ва Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, ҳамчунин бори аввал бунгоҳи тиббӣ дар раёсати Академия мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Мавсуф зикр кард, ки  дар давраи ҳисоботӣ 8 санад оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои илмӣ ба имзо расид. Роҳбарияти АМИТ бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои илмӣ бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон 16 вохӯрӣ доир намуд. Дар ҳамин давра бо ташаббуси раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси «Зан - сарвар» таъсис ёфт. 30 нафар корманди АМИТ баъди хатми курс  соҳиби сертификат шуд. 
Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ 
1609 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби марҳалаи якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ, дар маҷмуъ, 1609 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ин теъдод, доир ба 863 парванда ҳалномаи судӣ қабул гардида, 80 парванда қатъ шудааст, – гуфт дар нишасти хабарӣ Мирзозода Рустам, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
240 аризаву шикоят, бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан, баргардонда шуд.  
Ҷиҳати иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомот, иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёндани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда, ҷамъ, ба маблағи умумии беш аз 164 миллион  сомонӣ таъмин гардид. 
Шодмон АБДУРАҲИМ
 
 
 
МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
2 чорабинии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд
Аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ду чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ  бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  баргузор гардид. 
Аз ҷумла, моҳи апрели соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон конфронси “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ” ва  дар ҳошияи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси муштараки “Тоҷикистон-Чин: ҳолатҳо ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав”-ро  доир намуд. 
Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд. Ҳамчунин, гуфт, ки ҳамкориҳои Марказ бо муассисаҳои тадқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Корея самарабахш мебошанд. 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
ХАДАМОТИ ИҶРО
21 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ба манфиати модару кӯдак
Дар нимсолаи якуми соли равон ба Хадамоти иҷро 5376 ҳуҷҷати иҷро оид ба ситондани маблағи алимент ворид гардид. Дар маҷмуъ, 98693 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент дар баррасии мо қарор дорад. Аз ҷониби кормандони Хадамот ба манфиати модару кӯдак 21 миллиону 425 ҳазору 515 сомонӣ рӯёнда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда аз 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ин нуктаро Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иброз намуд. Тибқи иттилои ӯ, бинобар қасдан саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент, бо пешниҳоди иҷрочиён нисбат ба 128 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд. 
Ҳамзамон, зикр гашт, ки нисбат ба 418 қарздор барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зист аз ҷониби иҷрочиёни Хадамот бо қабули қарорҳои дахлдор кофтукоб эълон гардида, ҳуҷҷатҳо барои ҷустуҷӯ ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ирсол гардидаанд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
 
 
 
 
ДДМИТ
746 донишҷӯйи хориҷӣ таҳсил мекунад
Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки корҳо дар самти муносибатҳои байналмилалӣ хуб буда, айни ҳол дар Донишгоҳ  746 донишҷӯйи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудааст. 
Ҳамчунин, дар шаш моҳи рафта ДДМИТ бо 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки дар маҷмуъ, 148 ададро ташкил медиҳад. 
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён, 9 донишҷӯй ба Донишгоҳи давлатии Петрозаводский, Донишгоҳи иқтисоди Санкт- Петербурги Федератсияи Росиия ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил фиристода шуд, - гуфт Ҳакимбек Абдуалимзода.
Зикр гашт, ки бо мақсади аз курси такмили ихтисос гузарондани  омӯзгорон ва кормандон дар хориҷ, бо як қатор ташкилот ва хазинаҳои байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, 18 нафар дар форум, семинар ва курсҳои такмили ихтисоси сатҳи байналмилалӣ иштирок кард.
Лола РИЗОӢ
 
 
 
ДДК
Дастовардҳо назаррасанд
Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон зикр намуд, ки “аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ сохтмони бинои дуошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг оғоз гардидааст. Ба ҷуз ин, тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ барои бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру фароҳамории шароити муносиб пурра ба анҷом расида, дар назар аст, ки ба наздикӣ корҳои сохтмонӣ оғоз ёбанд”.
Таъкид гардид, ки ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ Шарофат Худойдодова дар озмуни вилоятии “Неруи сухан”, дар номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Соли равон 2327 нафар Донишгоҳро хатм кард. Аз ин шумора 60 нафар дипломи аъло гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 8 нафар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ як нафар рисоли докторӣ ва 14 нафар устоди ин муассисаи таълимӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамчунин, 12 кори илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ба озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” пешниҳод шуд, ки 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён, диплом ва мукофоти пулӣ гардид. 21 нафар донишҷӯ барои иштирок дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...” роҳхат гирифт. 25 нафари дигар бошад, барои иштирок дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” имкон пайдо кард.
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 11 нафар корманду донишҷӯй ширкат варзиданд, ки 5 нафараш ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт.
Раҳмон Дилшод Сафарбек, инчунин, ёдовар шуд: “Дар ин давра донишҷӯён дар як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, шаҳрию донишгоҳӣ иштирок намуда, ба гирифтани 53 медал, аз ҷумла 8 тилло, 25 нуқра ва 20 медали биринҷӣ сазовор гаштанд.
Пас аз посух ба пурсишҳои хабарнигорон, ректор гуфт, ки зарфият, тавоноӣ ва имконоти мо беш аз ҳадди ин дастовардҳост ва саъй ба харҷ медиҳем, дар ин сол аз онҳо пурра истифода бикунем.
Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ВАРЗИШ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ
719 медал дар шаш моҳ 
29-уми июл дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ доир гардид. Маҳмуд Хоҷазода, мудири бахш, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар минтақаи Кӯлоб дар маҷмуъ, 415 ҳазору 282 нафар ҷавон дар қайд буда, аз ин шумор 210 ҳазору 400 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Шумори гирандагони стипендияи президентӣ 480 нафар, раиси вилоят 9 ва раисони шаҳру ноҳияҳо  ба 161 нафар расидааст.
Ба гуфти М. Хоҷазода, дар минтақа 1514 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 14 варзишгоҳ, 1182 майдончаи варзишӣ, 143 толори варзишӣ, 16 ҳавзи шиноварӣ, 5 маҷмаа ва 155 иншооти махсус, 19 мактаби варзишӣ фаъолият карда, варзишгарони касбиро ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода месозанд.  Дар нимсолаи аввали соли равон 48 мусобиқаи минтақавӣ аз рӯйи 11 намуди варзиш бо иштироки 1295 варзишгар баргузор гардид. 
Тими мунтахаби минтақаи Кӯлоб дар 46 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва дар 2 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 719 медал, аз ҷумла 213 тилло, 184 нуқра ва 297 биринҷӣ, аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 5 тилло, 8 нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147 медал зиёд аст. 
Суннати СОДИҚ  
Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив