ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ОВОЗИ ТОҶИК» ВА САБАҚҲОИ КАСБИИ ОН

«ОВОЗИ ТОҶИК» ВА САБАҚҲОИ КАСБИИ ОН

05 август 2024, Душанбе
24
0
«Овози тоҷик» аз аввалин рӯзномаҳои расмӣ барои тоҷикон буда, дар ташаккул ва такомули матбуоти даврии тоҷик нақши бориз гузоштааст. Ин рӯзнома 25-уми августи соли 1924 ба сифати нашрияи афкори Кумитаи фирқаи коммунистии вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд бо номи «Овози тоҷики камбағал» ба нашр расида, аз шумораи 10 (7 ноябри соли 1924) ба «Овози тоҷик» табдили ном кард. Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ташаккули мактаби касбии рӯзноманигорӣ ва рушди он замина фароҳам овард.  Ин аст, ки  аксари муҳаққиқон ин рӯзномаро «оғози матбуоти тоҷик» номидаанд, ки дуруст ҳам аст.
Он, аз як тараф, дар матбуоти даврии тоҷик таҷрибаи рӯзноманигорӣ ва рӯзномасозиро ба шакл дароварда такомул бахшид, аз ҷониби дигар, ҳамчун ташкилотчӣ дар таъсис ва нашри рӯзномаву маҷаллаҳо саҳм гирифт. Дар ин самт рӯзнома, аввалан иловаҳои худ – «Ширинкор» (баъдтар «Мулло Мушфиқӣ», «Мушфиқӣ», «Бигиз»), «Раҳнамои мухбирон», «Саводи меҳнат»-ро таъсис дод, баъдан рӯзномаҳои сайёри «Штурм», «Коллективчӣ», «Мубориза барои пахта»-ро ташкил намуд. Гузашта аз ин, ташкили аввалин гӯшаву рубрика, замимаву илова, тақризу китобиёт дар матбуоти даврии тоҷик аз ин нашрия маншаъ мегирад. Ин аст, ки аввалин рӯзномаҳои Тоҷикистони имрӯза дар зери таъсири таҷрибаи ин нашрия фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Бедории тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») ҳам аз нигоҳи мундариҷа ва ҳам шаклу ороиш – таъсиси рубрикаву саҳифаҳои махсус ба рӯзномаи «Овози тоҷик» монанд мебошад. 
Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар давраи аввали фаъолияти худ (1924-1930) барои тарғиби ғояҳои ҳокимияти шуравӣ дар ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, илму маданият талош намуда, муҳитеро ба вуҷуд овардааст, ки барои ташкили мактаби бузурги эҷодӣ ва ташаккули низоми матбуоти даврии тоҷик мусоидат кард. 
«Овози тоҷик», агар дар солҳои аввали фаъолият бештар мардумро тавассути мақолаҳои ташреҳиву тарғибӣ ба мутолааи рӯзнома даъват карда бошад, баъдан бо зиёд гардидани теъдоди хонандагон, аҳли мутолаа ва фаҳмро ба ҳамкории эҷодӣ даъват намудааст. 
Ин масъала дар се соли аввал барои ҷарида басе муҳим будааст, ки дастандаркорон ва масъулини ҳизбӣ тавассути чопи мақолаҳо, аз як тараф, рисолат ва нақши «Овози тоҷик»-ро доир ба «мақсадҳои тоҷиконро ба гӯши идораҳои фирқа расонидан», «аз аҳволи байналмилал хабар додан», «шиносонидани тоҷикони дар ҳар гӯша зиндагӣ мекарда», «тоза намудани забон ва адабиёти тоҷик», «ҳимояи ҳуқуқи заҳматкашони тоҷик», «ривоҷи корҳои хоҷагӣ» ва амсоли ин таъкид намуда бошанд, аз тарафи дигар, бо таҳлили вазъи нашрия аз муносибати хонандагон ба он, хосса тоҷикони босаводи шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд ба рӯзнома изҳори нигаронӣ намуда, масъалаи ба нуфузи тоҷикон баробар кардани теъдоди нашри рӯзномаро такроран ба миён гузоштаанд. 
Масъалаи ба халқ наздик кардани рӯзнома ҳамеша зери назари кормандони «Овози тоҷик» қарор доштааст, ки дар баррасии он шахсиятҳои касбу кори гуногун иштирок намудаанд. Ин гуна матолиб руҳияи интиқодӣ доранд ва дар онҳо бештар аз камбудиҳо сухан меравад. Ба таъкиди нашрия, алоқаи матбуот бо ҳаёти иҷтимоӣ ду паҳлу дорад, ки аз як тараф, бохабарии матбуот аз зиндагии кишвар ва раҳнамоиву таваҷҷуҳи он ба ҳаёти иҷтимоии мардум ва, аз сӯйи дигар, майлу рағбат, эътимод ва ҳамкориҳои омма ба матбуот аст. 
Сабақи дигари «Овози тоҷик»-ро метавон ба таваҷҷуҳи он ба рӯзномаҳои дигар нисбат дод. Ин нашрия хонандагонашро на танҳо аз воқеияти дохиливу хориҷӣ воқиф намудааст, балки бо чопи мақолаҳо доир ба нашрияҳои маъруф барои шинос шудан ба фаъолияти онҳо ва бардошти сабақҳои касбӣ низ мусоидат намудааст. Нашрия дар самти ғанӣ гардондани мундариҷаи худ ва дар сатҳи касбӣ инъикос намудани воқеияти иҷтимоӣ минбарашро ба ихтиёри хонандагон дода, пешниҳоду маслиҳатҳои онҳоро ба назар гирифтааст. 
Рӯзномаи «Овози тоҷик», агар дар соли аввал, асосан, ба масъалаи наздик кардани рӯзнома ба мардум ва афзудани теъдоди муштариён кӯшиш намуда бошад, дар солҳои баъдӣ таваҷҷуҳи он ба тарбияи мухбирон зиёд гардидааст. Дар он солҳо тарбияи мухбирон аз масъалаҳои муҳим дар ташаккули афкори рӯзноманигорӣ ва пешбурди кори матбуот маҳсуб меёфт, зеро сифати нашрияҳои даврӣ ва таваҷҷуҳи хонандагон ба онҳо аз ҳар ҷиҳат ба савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати нигорандагии мухбирон алоқаманд аст. Ба ин мақсад, нашрия аз шумораи 5-уми октябри соли 1925 рубрикаи «Тарбия ба мухбирон»-ро таъсис додааст. Маводи аввалине, ки зери ин рубрика ба табъ расидааст, «Пругроми асосӣ барои тарбияи мухбирон» мебошад. Мувофиқи ин барнома барои мухбирон, пеш аз ҳама, доштану донистани «хатту савод, дониши сиёсӣ, аҳамияти матбуот, аҳвол ва руҳияи зиндагии халқ» зарур будааст. Ҳамчунин дар ин барнома доир ба вазифаҳои мухбирон, моҳияти ҷаридаҳои деворӣ, тарзи таҳия, мавзуъ, техника ва алоқаи мухбирон бо ҷаридаҳои деворӣ маълумоти тавсиявӣ ироа шудааст. 
Аз шумораи 288, сездаҳуми декабри соли 1928 нашрия ба мақсади ёрӣ ба мухбирони ҷавон иловаи худ «Раҳнамои мухбирон»-ро таъсис дод. «Раҳнамои мухбирон» дар самти тарбияи рӯзноманигорони ҷавон, асосан, ба ду ҷиҳат эътибор додааст. Аввалан, тавассути чопи мақолаҳои дорои хислати назариву дастурӣ ба фаҳмиши сиёсӣ ва касбии мухбирон таъсири мусбат гузоштааст, баъдан, бо интишори мақолаҳои фарогирандаи сатҳу сифати рӯзномаҳо, хосса рӯзномаҳои деворӣ ва мундариҷаи онҳо мухбиронро ба фаъолиятҳои амалӣ ошно сохта, ба такмили саводи касбӣ ва сайқали маҳорати онҳо мусоидат намудааст. Дар мақолаҳои назарӣ-оммавӣ масъалаи ҳаракати мухбирон ва вазифаҳои навбатии он, роҳҳои ёрӣ додан ба ҳаракати мухбирон, маслиҳатҳо ба мухбирони деҳот, ҷаласаҳои кунгура ва вазифаҳои мухбирони коргару деҳқон, дар мақолаҳои гурӯҳи дуюм аҳволи рӯзномаҳои деворӣ, алоқаи мухбирон бо хонандагон ва амсоли ин  карда шудааст.
Кори дигаре, ки рӯзнома дар самти ташаккули афкори рӯзноманигорӣ ба сомон расондааст, муайян намудани мафҳумҳои муҳаррир, мухбир ва вазифаҳои онҳо мебошад. Ба ин мазмун Фахриддини Роҷӣ навиштааст: «Ҳар муҳаррир ва мухбир шоир нест, балки ҳар шоир муҳаррир ва мухбир шуда метавонад». Ин андеша, ки ба истеъдод ва маърифати шахс иртибот мегирад, то ташаккули мактабҳои касбии рӯзноманигорӣ дар фаъолияти матбуоти даврӣ омили ҷавҳарӣ маҳсуб меёфт. Бинобар ин, дар ин солҳо дар тарбияи рӯзноманигорон бештар ба ҷанбаҳои маърифатӣ эътибор медоданд.
Омили дигаре, ки «Овози тоҷик» дар ташаккули афкори рӯзноманигорӣ ба роҳ мондааст, чопи матолиб доир ба ҳусну қубҳи нашрияҳои даврӣ мебошад. Аз ҷумла, мақолаи Собит Маннофзода «Дониш-биниш» ва силсиламақолаҳои Ҳамид Бақозода дар ин самт назаррасанд. Агар С. Маннофзода камбудиҳои мундариҷавӣ ва техникии маҷаллаи «Дониш-биниш»-ро баррасӣ намуда, бо шарҳи далоил ислоҳи онҳоро нишон дода, зарурати тағйири номи маҷалларо ба миён гузошта бошад, Ҳамид Бақозода тавассути нигоштаҳои худ, аҳамияти рӯзномаро бозгӯ намуда, барои тарғиби «Овози тоҷик» ва зиёд намудани муштариёни он кӯшидааст. 
Ҳамин тавр, рӯзномаи «Овози тоҷик» дар кори ба омма фаҳмондани чи будани ҷарида ва рӯзнома, бедор намудани майлу рағбати мардум ба рӯзномахонӣ, ба шакл даровардани баъзе мафҳумҳои рӯзноманигорӣ, тарбияи журналистону адибон, шарҳу тавзеҳи вазифаҳои мухбирон, таъсиси нашрияҳои нав, ташкили рубрикаву гӯшаҳои махсус ва амсоли ин хизмати бузургеро ба анҷом расонда, ба ин васила дар тарбияи мухбирон, ташаккули рӯзноманигории касбӣ ва матбуоти даврии тоҷик нақши бориз гузоштааст. 
 
Мурод МУРОДӢ, профессори ДМТ
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив