ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ 47 ДАРСАД АФЗУД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ 47 ДАРСАД АФЗУД

05 август 2024, Душанбе
25
0
 
Зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ ба маблағи 997,8 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот гардид. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 319,2 миллион доллар (47 дарсад) зиёд аст. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ низ 48,1 дарсад афзуда, 969 миллион долларро ташкил кард. Тибқи маълумоти оморӣ, 77,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 28,8 миллион доллар фурӯхта шуд. 
Агентӣ бо шарикони рушд баҳри зиёд кардани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ тавассути таъсиси марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулот ва корхонаҳои муштарак барои харид, захира, бандубаст, нигоҳдории маҳсулот, истгоҳи мошинҳои боркаш тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо мақсади коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳо дар мавзеъҳои ҷойгиршавии боғу токзор, инчунин, минтақаҳои парвариши сабзавот, кам кардани талафоти ҳосил Агентии содирот бо ширкати «Kreuzmayn Maschinenbau GmbH»-и Австрия аз рӯйи масъалаи ба Тоҷикистон ворид намудани корхонаҳои сайёри истеҳсолӣ, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ беҳамтоанд, кор мебарад. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки таҷҳизот пайдарпай ба ноҳияҳои дурдасти мамлакат тавассути ядакҳои нақлиётӣ расонда шуда, маҳсулот дар ҷояш коркард шавад. 
Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, ки ҳоло КВД “Тоҷагропромэкспорт”- и Агентии содирот ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ бо 32 намояндаи диаспораҳои тоҷикони Русия ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.
 
Кароматулло АТО
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив