ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИДМ.  ДУ КОРХОНАИ ТОҶИКИСТОН САЗОВОРИ ҶОИЗА ГАРДИД

ИДМ.  ДУ КОРХОНАИ ТОҶИКИСТОН САЗОВОРИ ҶОИЗА ГАРДИД

05 август 2024, Душанбе
17
0
Боиси сарфарозист, ки боз ду корхонаи истеҳсолии мамлакат – Ҷамъияти  дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аҷр» сазовори Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) – «Дастовардҳо дар соҳаи  сифат ва хизматрасонӣ» гардид. Бо ин мақсад, дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардида, ба роҳбарияти ин корхонаҳо ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.
Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии мазкур, зимни ҳамоиш, аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ дар доираи дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамоҳангсозии стандартҳо, мусоидат ба рақобатпазирии маҳсулот ва муаррифии он дар хориҷи мамлакат мебошад. Дар ин замина, дар баробари гузарондани корҳои фаҳмондадиҳию таъмини соҳибкорон бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин, дар муҳлатҳои муқарраршуда Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» гузаронда мешавад. 
Дар заминаи ташкилу баргузории Озмуни мазкур яке аз дастовардҳои Агентӣ ин мусоидат барои иштироки корхонаҳои саноатии кишвар дар озмуни дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ мебошад. Бо ин мақсад, бо мусоидати мутахассисони Агентӣ дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи истеҳсолии  ватанӣ – ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶДММ «Арҷ» барои иштирок дар Озмуни мазкур  пешбарӣ шуданд. Моҳи марти соли равон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, бо қарори ҳакамон ин корхонаҳо сазовори ҷоизаҳои баландтарини Озмун гардиданд. Дар ҷаласаи 65-уми Шурои байнидавлатӣ, ки 20-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ба ин корхонаҳо  ҷоизаҳо дар вазъияти тантанавӣ супурда шуданд. 
Мавриди зикр аст, ки самти асосии фаъолияти ҶДММ “Ноқили Талко”  истеҳсоли маҳсулоти кабелӣ буда, талаботи стандартҳои байналмилалиро дар истеҳсолот ҷорӣ намудааст. Иқтидори корхона дар як сол 5 ҳазор тонна маҳсулот буда, зиёда аз 500 намуд кабелро дар бар мегирад. Тамоми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона воридотивазкунанда буда, барои ҷумҳуриамон аҳамияти стратегӣ доранд.  ҶДММ “Ноқили Талко” корхонаи навтаъсиси замони истиқлолият ба шумор рафта, маҳсулоти бениҳоят муҳими стратегиро истеҳсол менамояд. 
ҶДММ “Аҷр” ба истеҳсоли борхалтаҳои полиэтиленӣ машғул буда, истеҳсоли онро бо фармоиши мизоҷон дар ҳаҷми калон ба роҳ мондааст.  Инчунин, корхона бо фармоиши субъектҳои хоҷагидор тамғагузориро дар борхалтаҳо амалӣ менамояд. Дар корхона, ҳамзамон, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. ҶДММ “Аҷр” соли гузашта дар Озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи ИДМ дар соҳаи дастовардҳои сифат ва хизматрасонӣ аз номинатсияи истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум иштирок намуда, сазовори ҷоизаи Дипломант гардидааст. Содироти маҳсулоти корхона, асосан, ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив