ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

07 август 2024, Чоршанбе
16
0
ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДО
Ҳаҷми ММД то 8,2 дарсад афзоиш ёфт
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат дар ҳудуди мамлакат 251 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 1714 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди воқеии он 11,5  дарсадро ташкил кард. 
Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 21,4 дарсад афзудани саноати истихроҷ, 11 дарсад саноати коркард ва 1,6 баробар зиёд шудани соҳаи таъминоти об ва коркарди партовҳо таъмин гардидааст.
Зикр шуд, ки дар ин давра новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи амалигардонии истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардондани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар маҷмуъ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)  61,7  миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,2 дарсадро ташкил дод.
Суръати рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5 дарсад, кишоварзӣ 9,6,  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, боркашонӣ 13,8, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6 ва мусофиркашонӣ 9 дарсад таъмин гардид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ 
Муҳоҷирон бояд касбҳои бозоргир дошта бошанд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода, дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори рӯзнома оид ба омӯхтани бозорҳои нави меҳнат дар хориҷи кишвар гуфт, ки айни замон Вазорат бо 17 давлат ҳамкорӣ дорад ва 6 лоиҳаи дигар дар ҳоли омӯзиш ва қабулшавист. 
- Аз ҷумла, бо Ҷопон, Қатар, Белгия ҳамкорӣ карда истодаем. Шаҳрвандон аввал ба омӯзиш фаро гирифта шуда, баъдан ба кор таъмин мешаванд. Умуман, барои идомаи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус, Латвия, Литва, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Англия, Лаҳистон, Олмон, Арабистони Саудӣ, Черногория, Эстония, Канада ва Маҷористон боз шартномаҳои алоҳида бастанием.  Онҳо аз шаҳрвандони мо талаб доранд, ки касбҳои дар арсаи байналмилалӣ эътирофшаванда дошта бошанд ва забони ҷойи будубошро ҳатман донанд. Айни замон, дар марказҳои касбомӯзӣ ва омодасозии пеш аз сафар, ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода истодаем ва омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягиро ба роҳ мондаем, - гуфт Гулнора Ҳасанзода. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ
Пешрафти соҳа тамоюли мусбат дорад
Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 тамоюли мусбати рушди сайёҳӣ ба даст омад. 580 ҳазору 450 нафар сайёҳ ба кишвар ворид шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1 фоиз зиёд аст. Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 129 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Махсусан, теъдоди воридшавии сайёҳон  аз Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Чин ва Афғонистон ба маротиб афзудааст.
Ҳамчунин, шумораи ҷаҳонгардони кишварҳои хориҷии дур низ дар болоравист, ки ин аз эътимоди сайёҳон ба кишвари азизи мо - Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Вобаста аз ин моро зарур аст, ки тамоюли афзоиши ҷалби сайёҳонро ба кишвар дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ва баъд аз он низ нигоҳ дошта, ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар мамлакат боз ҳам  кӯшишҳо ба харҷ диҳем. 
Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК»
Талабот ба неруи барқ дар ҳоли афзоиш аст
Абдулло Қурбонзода, муовини директори генералии ҶСК «Барқи тоҷик», зимни нишасти матбуотӣ ба саволи рӯзноманигорон вобаста ба ҷорӣ шудан ё нашудани лимити барқ дар мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон чунин посух дод: 
- То моҳи октябр резиши оби дарёи Вахш аз меъёр зиёд аст. Дар сурати будани талабот, метавонем дар ин давра неруи барқро зиёд истеҳсол намоем. Дар акси ҳол, об дар обанбор захира мешавад, ки айни замон он ба сатҳи ниҳоӣ расидааст. Дар оянда чӣ қадар истеҳсол шудани барқ, аз истифодаи мизоҷон ва таъминоти он бошад, аз резиши оби дарёи Вахш вобастагӣ дорад.  
Инчунин, зикр шуд, ки то вақте обанбори Роғун пур нашавад, норасоии неруи барқ низ боқӣ мемонад, зеро дар обанбори Норак танҳо барои як сол об захира мешавад. Агар зимистон хунук ояд, хароҷоти неруи барқ низ меафзояд ва норасоӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, пешгӯии ҷорӣ шудан ё нашудани маҳдудият ғайриимкон аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки танҳо пур шудани обанбори Роғун, лимитро аз байн мебарад, зеро талабот ба неруи барқ ҳамасола 11,2 дарсад зиёд шуда истодааст. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив