ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

08 август 2024, Панҷшанбе
19
0



ОМОР АЗ КОҲИШИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТИ ПАРАНДА ХАБАР ДОД
Дар шашмоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 22550,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда (бо нархҳои муқоисавӣ) 11,5 дарсад афзудааст. Омили асосии рушди соҳаи саноат, асосан, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатҳои истихроҷ, коркард, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа мебошад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ низ афзуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 21472 миллион сомонӣ расид.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, зимни нишасти матбуотӣ, маълумот дод, ки дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ бо таносуби бештар аз рӯйи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 15,5, нон ва маҳсулоти нонӣ 17,5, қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4,9, сабзавот ва картошка 5,3 ва равғани рустанӣ 4,4 дарсад афзалият дорад. Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводи бинокорӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, газвор ва асбобҳои барқӣ рост меояд.
Таъкид шуд, ки аз аввали сол нархи маҳсулоти гӯштӣ 6,2 дарсад, аз ҷумла гӯшти гов  9,7 ва гӯсфанд 7,4 дарсад қимат шуд. Сабаби асосии болоравии нархи гӯшт он аст, ки рӯз ба рӯз талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот зиёд мешавад.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки дар давраи мавриди назар истеҳсоли гӯшти паранда 19,4 дарсад кам гардид.
Кароматулло АТО


ХАДАМОТИ ГУМРУК
Нақшаи пардохтҳо барзиёд иҷро шуд
Азим Турсунзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон аз иҷрои барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дод. 
Мувофиқи маълумоти ӯ, дар ин давра гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 4417,4 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1053,1 миллион доллар зиёд мебошад. Аз ҷумла, воридоти мол 3421,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 709,1 миллион доллар ё 26,1 дарсад зиёд мебошад. Содирот ба 996,2 миллион доллари ИМА баробар шуда, 52,7 фоиз афзоиш ёфт. Дар гардиши умумии мол ҳиссаи воридот 77,4 дарсад ва содирот 22,6 дарсадро ташкил медиҳад. 
Содиротро асосан маъданҳо ва консентратҳо, нахи пахта, алюминийи коркарднашуда ташкил медиҳанд. Молҳои воридотӣ аз маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гази моеъ, гандум, чӯбу тахта ва ғайра иборатанд. 
Ба гуфтаи А. Турсунзода, сабаби асосии иҷрои барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, агар аз як сӯ, таъмини сифатноки барасмиятдарории гумрукӣ, пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол бошад, аз тарафи дигар, ҷорисозии воситаҳои иттилоотию иртиботӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот, бо низоми ғайринақдӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо маҳсуб меёбанд.
Шаҳноз ҚУРБОН 


НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Кишоварзӣ аз соҳаҳои зиндагисоз боқӣ мемонад
– Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзии ноҳияи Данғара ба шумор рафта, имсол дар майдони 5010 гектар чигит кишт шудааст, ки 100 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад, – гуфт дар нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода. 
– Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоатӣ аз 22072 гектар зироатҳои ғалладонагӣ 62473 тонна ҳосил ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9072 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 28-сентнерӣ расонда шуд. Дар ин давра, дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ, аз ҳудуди ноҳия ба миқдори 700 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 36 ҳазору 109 сар барраю бузғола ва 1507 сар гӯсола гирифта шудааст, ки натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 80977 тонна хӯроки дурушт барои чорво захира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 21 тонна зиёд мебошад.
Холназар КАСИРОВ


ДДТТ 
Роҳандозии ихтисосҳои нав тақозои замон аст
Маҳмадшо Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки бо назардошти талаботи соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ 2 ихтисоси нав – “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ” ба роҳ монда мешавад. 
Дар нишаст гуфта шуд, ки барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, дар доираи лоиҳаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён хуб ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 39 нафар ба дигар донишгоҳҳо сафарбар гашт, инчунин,  4 нафар аз Академияи давлатии тиббии Ижевск, 5 кас аз Академияи тиббии Қазоқистон барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва 6 нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ҷиҳати иштирок дар мактаби тобистона ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино омаданд. 
Лола РИЗОӢ 


БМТ 
52 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 3 миллиард сомонӣ 
– Бонки миллии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин, таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт чораҳои зарурӣ андешидааст, – иброз дошт Фирдавс Толибзода, раиси Бонки милли Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ. 
Дар нимсолаи якуми соли 2024 сатҳи таваррум 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур, асосан, аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳои ғайрихӯрокворӣ ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба амал омад. 
Дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 52 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 3 миллиард сомонӣ баргузор кард. Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 982,7 миллион сомониро ташкил менамоянд. 
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 2,7 фоиз устувор гардид. Дар ҳамин давраи соли 2023 ин нишондиҳанда 7 фоиз коҳиш ёфта буд. 
Бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лираи Туркия 11,7 фоиз, тангаи Қазоқистон 3,7 фоиз, суми Ӯзбекистон 1,8 фоиз ва юани Чин 0,6 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтанд. 
– Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар нимсолаи якум ба низоми бонкии кишвар 1676,0 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 63,8 фоиз зиёд мебошад, – гуфт Фирдавс Толибзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бунёду барқарорсозии 439 иншоот
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ  дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2 миллиард сомониро дар бар гирифт. Даромад ба буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоӣ 102,5 дарсад иҷро гардид. 
– Шаҳри Турсунзода минтақаи саноатию аграрӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад. Саноатчиён дар ним сол ба маблағи 830,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 310,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Кишоварзон низ барои рушд бахшидани соҳа, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифат ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд. Аҳли заҳмат ба маблағи 567 миллиону 71 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, – афзуд Парвиз Акрамзода. 
Дар идомаи нишаст зикр гашт, ки масъулон барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро рӯйи даст мегиранду 439 иншооти ҷашниро сари вақт барқарору бунёд месозанд. Аллакай 205 иншоот мавриди истифода аст.  
Ёқуби СОДИҚ


ШАҲРИ НОРАК
Иҷрои барзиёди буҷет
Дар шаш моҳи соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 49,6 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 119 фоизи нақша буда, ба хазина аз дурнамо зиёд 8 миллиону 15 ҳазор сомонӣ маблағ интиқол ёфт. 
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ тазаккур дод раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ. Воридоти барзиёди андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ сари вақт таъмин шаванд. Ҳамзамон, қарздорӣ аз андозҳо ба ҳолати 1-уми июн 1 миллиону 916 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла 897,6 ҳазор сомонӣ қарз аз андози иҷтимоӣ, мебошад. 
Холназар КАСИРОВ


НОҲИЯИ ФАРХОР
Авлавият ба рушди саноат
Раиси ноҳияи Фархор Назири Зариф Вализода дар ҳузури рӯзноманигорон, зимни нишасти матбуотӣ, иброз дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми соли равон ба 127213,9 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 122,1 фоиз мебошад. 
Мавсуф афзуд, ки дар ноҳия 37 корхонаи саноатӣ фаъол аст, аз ҷумла 4 корхонаи коркарди пахта, 6 коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 коргоҳи хурди коркардӣ шир ва коргоҳҳои консервбарорӣ,  қаннодиву истеҳсоли нон, дӯзандагӣ, истеҳсоли блоки сементӣ, қуму шағал, биринҷу орд, оби нӯшокӣ, макарон, дару тирезаҳои пластикӣ, хишти пухта, тунука ва ғайра. Дар давраи ҳисоботӣ 18 корхона ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта зиёд намуд.
Холназар КАСИРОВ 


МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД
Бардошт аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Нуруллоҳ Мирзозода, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, №АП-188 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давоми солҳои 2022-2026 бунёди 380 иншооти таъиноташон гуногунро ба маблағи 185 миллиону 997 ҳазору 948 сомонӣ ба нақша гирифтанд. 
Аз ҷумла, дар солҳои 2022-2023-юм 190 иншоот ба маблағи 74 миллиону 325 ҳазору 400 сомонӣ бо таъсиси 293 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 113,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 дар ноҳия сохтмони 82 иншоот дар нақша аст.
Дар нимсолаи якум 21 иншоот ба маблағи 13 миллиону 903,5 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 35 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Холназар КАСИРОВ


НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
35-солагии Истиқлоли давлатӣ мондагор хоҳад буд
Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зафар Гулзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма иброз дошт, ки бо мақсади таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмону навсозии 216 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст, ки ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, иншооти кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост меояд. Инчунин, таъмири роҳҳо ба масофаи 120 километр дар назар аст.
Айни замон дар 57 иншоот корҳои сохтмонию таъмирӣ идома доранд. 
Холназар КАСИРОВ


БАЛҶУВОН
Тавсеаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар ноҳия 634 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 460 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 128 субъект тариқи шартнома бо шартҳои махсус ва 46 субъект тариқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра фаъолияти субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 кам шудааст. Имрӯз дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5,3 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 3,1 миллион доллари ИМА ё 58,4 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2021-2025 160 лоиҳаро ба маблағи 422,1 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми июл дар маҷмуъ, 101 лоиҳа ба маблағи 168,6 миллион сомонӣ ё 63,2 фоиз ба иҷро расидааст.
Холназар КАСИРОВ


ТЕМУРМАЛИК 
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд
– Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 6 моҳи соли равон 201,4 миллион сомониро ташкил дод, – гуфт раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони васоити ахбори омма. 
Ҳамчунин, иброз дошт, ки хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 16044 гектар кишти зироат гузаронданд. Дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 15790 тонна, картошка ба 3243 тонна, сабзавот ба 3574 тонна ва мева ба 286 тонна расонда шуд. Инчунин, 1704 тонна гӯшт, 2124 тонна шир, 899,4 ҳазор дона тухм, 259 тонна пашм, 3 тонна пилла ва 1,5 тонна гӯшти моҳӣ ба даст омад. Дар мавсими корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ зиёда аз 36 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонданд. Дар 10 гектар боғи нав бунёд шуд.
Холназар КАСИРОВ



Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив