ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРҒОНА. ҲАМОИШЕ, КИ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

ФАРҒОНА. ҲАМОИШЕ, КИ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

08 август 2024, Панҷшанбе
27
0


Ҳокимияти вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Шабакаи телевизиони “Менинг юртим”-и ин кишвар сафари журналистони се вилояти ҳамҷавор – Суғди Тоҷикистон, Ботканди Қирғизистон ва Фарғонаи Ӯзбекистонро ба ноҳияи Фарғона ташкил намуд. Тавре ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Аҳмедов дар ин робита ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, журналистону блогнависони се вилоят бо дигаргуниҳои солҳои ахир дар ноҳия рухдода шинос шуданд. 
– Меҳмонон баъдан бо сокинони як қатор ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи мазкур, ки аз намояндагони миллатҳои ӯзбек, тоҷик ва қирғиз иборатанд, дидору мулоқот анҷом доданд. Вохӯриҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ба вуқуъ пайвастанд, – изҳор намуд Х. Аҳмедов.
Ба таъкиди мавсуф чанде қабл Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Тоҷикистон як гурӯҳ журналистони вилояти Фарғонаро ба сафари матбуотӣ даъват намуда буд. Ин сафар хубу хотирмон гузашта,  ширкаткунандагони он аз Суғд бо як олам таассурот баргаштанд.
– Роҳандозии чунин чорабиниҳои муштарак маҳз бо иродаи сиёсии роҳбарони се ҷумҳурии ҳамҷавор – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон амалӣ мегарданд ва ҷиҳати мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстиву рафоқат ва оинҳои бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз хеле мусоидат менамоянд, – афзуд ҷонишини ҳокими вилоят. 
 Дар суҳбати мизи гирд бошад, масъалаҳои муҳими журналистика, ҳамкориҳои мутақобила дар ин самт, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва амалӣ намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
– Аз вилояти Суғди мо хабарнигорони шабакаи телевизиони вилоят ва рӯзномаҳои вилоятии “Ҳақиқати Суғд”-у “Суғд ҳақиқати”, хабаргузории “SugdNews”, радиои “Шаҳри ман” дар ин суҳбат ширкат намуданд. Бешак, ин сафари матбуотиро ғайр аз омили муҳим барои мустаҳкам намудани дӯстиву бародарӣ байни се миллату давлат, инчунин, ҳамчун мактаби коромӯзӣ ва табодули таҷриба низ, метавон арзёбӣ кард, – гуфт журналист Фарҳод Абдувализода.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив