ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ КОҲИШ ЁФТ

ХАТЛОН. САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ КОҲИШ ЁФТ

09 август 2024, Ҷумъа
11
0


Дар маҷлисгоҳи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаи фаврӣ – хизматӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи 7 моҳи соли 2024 баргузор гардид. 
Дар ҷаласа сардори РВКД дар вилоят генерал – лейтенанти милитсия Шариф Назарзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти корҳои дохилии вилоят доир ба татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2024 таҳти № 795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” як қатор нақша-чорабиниҳои иловагӣ таҳия намуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар байни ҳайати шахсӣ ташкил намудааст. 
Шариф Назарзода зикр дошт, ки бо назардошти муҳимияти ин масъала,  лозим дониста мешавад, ки  ҷиҳати санҷиши  рафти  амалигардонии   талаботи  фармони  мазкур як қисми  ҷаласаи  оперативӣ – хизматӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар 7 моҳи соли ҷорӣ бо забони русӣ гузаронда шуда, ҳисоботи сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо забони русӣ шунида мешавад. 
Сипас, номбурда аз фаъолияти милитсияи минтақа дар ин давра натиҷабардорӣ намуда, иброз дошт, ки бо назардошти муайян гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти милитсия аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар фаъолияти мақомоти милитсия ба иҷрову таъмини босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, аҳли илм ва маорифи кишвар ва ҷаласаҳои корӣ  доир ба коҳиш додани ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баён доштанд, равона карда шудааст.
Баъд аз гузориши сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ – хизматӣ таъкид шуд, ки баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва рейду амалиётҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳии милитсия байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ба кам гардидани содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди вилоят мусоидат кардааст. Илова бар ин, вазъи риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ беҳтар гардида, шумораи садамаҳои нақлиётӣ, ҳалокатшудагон ва ҷароҳатбардоштагон дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди вилоят ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Дар идомаи ҷаласа Шариф Назарзода ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив