ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

09 август 2024, Ҷумъа
29
0
ВАЗОРАТИ АДЛИЯ
22359 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  ворид гардид
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 22359 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1490-то кам аст. 
Ҳамаи онҳо мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод шуданд. Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 лоиҳаи қонун, 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд. 
Ин нуктаро Музаффар Ашуриён,  вазири адлия, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт ва гуфт, ки дар ин давра, дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорат 1243 мавод мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ 
 
 
 
 
ВКД
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон коҳиш меёбад 
Дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 11804 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 192 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор шуд. Дар натиҷаи гузарондани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 297 силоҳи оташфишон ошкор ва мусодира гардид.
Дар ин хусус Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ итилоъ дод.  
Гуфта шуд, ки нисбат ба соли 2023 шумораи ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон камтар шуда бошад ҳам, мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҳоло ҳам ба назар мерасанд. Дар давраи ҳисоботӣ 332 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 1604 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир гардидааст. Дар ин давра, бинобар риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ 539 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, 236 нафар ба ҳалокат расид, 570 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
– Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зиддисӯхторӣ, ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ равона намудаанд, – гуфт Абдураҳмон Аламшозода.  
Шодмон ҚУРБОНОВ
 
 
 
Ба иқтисоди Тоҷикистон 1,95 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ 
ворид гардид 
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода аз афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ ба мамлакат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабар дод. 
Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ, воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиарду 952,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 614 миллион доллар ё 45,9 фоиз зиёд мебошад. Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба 154 миллион доллари ИМА расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зикр гашт, ки сармояи хориҷӣ, асосан, ба соҳаҳои миёнаравии молиявӣ, саноати истихроҷ, савдои яклухт ва чакана, саноати коркард, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ зиёдтар ворид шудаанд.
Дар ин давра ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ аз ҷониби Кумита 3 созишномаи  нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2 миллиарду 16 миллион доллари ИМА барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба имзо расид. Инчунин, барои имзои боз 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи 345 миллион доллари ИМА корҳо идома доранд. 
Раиси Кумита гуфт, ки бо мақсади муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон бо давлатҳои Қатар, Италия, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Чин, Амрико ва Арабистони Саудӣ форуму ҳамоишҳо баргузор шуданд. 
Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
ШАҲРИ ВАҲДАТ 
76 ҳолати ғасби замин
Тайи нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Ваҳдат 76 ҳолати қонуншиканӣ нисбат ба истифодаи замин ошкор гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳолат бештар мебошад. Қонуншиканҳо ба маблағи 70,1 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Илова бар ин, ҳафт мавод оид ба қонунвайронкунии замин дар майдони 1294 метри мураббаъ ба прокуратураи шаҳр барои додани баҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гашт, шаш мавод ба суд барои рӯёндани ҷарима ба таври маҷбурӣ ирсол шуд. Дар ин давра дар асоси қарорҳои раиси шаҳр 612 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии замин таъмин гардид. 
Зимни нишасти матбуотӣ Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳр,  маълумот дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 590 миллиону 619 ҳазор сомониро ташкил кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 94 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар ин давра аз 129 корхона 29-тоаш бо сабаби набудани маблағи гардон, рақобатнопазирии маҳсулот, куҳнаю фарсудагии таҷҳизот ва мавсимӣ будан фаъолият накард. 
Дар нишаст Миралӣ Мусофириён, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, ба суоли хабарнигори рӯзнома вобаста ба дар ҳолати садамавӣ будани муассисаҳои таълимӣ чунин посух дод:
– Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат се муассисаи таълимӣ: МТМУ № 21-и деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Гулистон бо 354 хонанда, МТМУ № 57-и деҳаи Тудаи Наски Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев бо 86 хонанда ва МТМУ № 75-и деҳаи Ғулакандози Ҷамоати деҳоти Чорсу бо 313 хонанда дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Илова бар ин, мушкилии дигари соҳа он аст, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти К. Исмоил таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки дар самти донишазхудкунии 1096 хонанда монеа эҷод мекунад.  Дар се баст таҳсил кардан, албатта,  мушкилии зиёд дорад, ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон. Ба бартарафсозии мушкилот камар бастаем. Хурдтарин имконият шавад, ҳатман ба сохтмони мактабу синфхонаҳо авлавият медиҳем. 
 
Кароматулло АТО
 
 
 
Рустам Ғаниев: “Бо кор таъмин намудани хатмкунандагон масъалаи муҳим аст”
Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.  Ломоносов дар шаҳри Душанбе  Рустам Ғаниев дар нишасти матбуотӣ бо кор таъмин намудани хатмкунандагонро масъалаи муҳим арзёбӣ намуда, чунин ибрози назар кард: “Ба шуғл ҷалб гардидани хатмкунандагон яке аз меъёрҳои асосии арзёбии самаранокии Донишгоҳ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати бо кор таъмин намудани хатмкунандагон ба зиммаи шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва назорати сифати таҳсилот, инчунин, мудирони кафедраҳо вогузор шудааст”.
Ин аст, ки аз 93 хатмкунандаи имрӯза 70 нафар бо кор таъмин шуд, боқӣ таҳсилро дар зинаи магистратура идома медиҳад.                  
Рустам Ғаниев баён намуд, ки филиал бо ҷалби 25 омӯзгор ва 433 донишҷӯйи худ, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ, зиёда аз 80 чорабинии сатҳи гуногун баргузор кард, ки аз он 16 ҳамоиши илмӣ мебошад. 
Инчунин, дар нақша аст, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли равон вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 15-солагии таъсисёбии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ду конфронси илмӣ-амалӣ гузаронда мешавад.
Лола РИЗОӢ
 
 
 
ДТИТ 
Таъсиси осорхонаи анатомӣ ва маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ 
Дар нишасти хабарии Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар назди Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии Донишкада осорхонаи анатомӣ ва Маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ таъсис ёфт. 
Зарина Ибодзода, ректори Донишкада, зикр кард, ки мақсади Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ омӯзиши ихтисосҳои акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, чашм, гӯшу гулуву бинӣ, тибби оилавӣ, ҷарроҳӣ, анатомияи одам, одоби муошират бо беморон ва наздикони онҳо равона шудааст. 
Зарина Ибодзода баён намуд, ки муҳайё гардидани чунин шароитҳои таълимӣ имкон доданд, ки сол ба сол таваҷҷуҳи довталабон ба Донишкада зиёд шавад. Масалан, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 713 донишҷӯ афзуд ва шумораи умумии онҳо ба 2461 нафар расид. Ҳамчунин, сафи донишҷӯёни хориҷӣ низ 33 нафар зиёд шуда, ба 76 нафар расид. Соли нави хониши 2024-2025 беш аз 120 донишҷӯйи хориҷиро аз 6 кишвари ҷаҳон ба таълим фаро хоҳад гирифт. 
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив