ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБОДОНӢ. ДЕҲАИ МАН, ДЕҲАИ ДИРӮЗА НЕСТ

ОБОДОНӢ. ДЕҲАИ МАН, ДЕҲАИ ДИРӮЗА НЕСТ

12 август 2024, Душанбе
27
0
Бояд зикр кард, ки тайи чанд соли охир ноҳияи Айнӣ ба худ ҷилои наву тоза зам намуда, симои дилошӯб мегирад. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия роҳҳо таъмир гаштаву биноҳои нав бунёд шуда истодаанд. 
 Албатта, дар ин амали нек, саҳми соҳибкорони боҳиммати ноҳияи Айнии зебоманзар хеле назаррас буда, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашида, дар иҷрои корҳои ободонӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти маҳаллӣ ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  саҳми арзанда гузошта меоянд.
Дар ин замина, дар деҳоти Фондарё бо саҳми сокинону соҳибкорон хатти оби нӯшокӣ ва полизӣ кашида шуд, ки дар натиҷа қариб 200 хоҷагӣ бо об таъмин гардида, 8 гектар замини наздиҳавлигии сокинон шодоб гашт. Дар маросими баистифодадиҳии хатти оби нӯшокӣ ва полизӣ иттилоъ доданд, ки саргаҳи об деҳаи Махшеват буда, бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ ба масофаи 8,5 километр тавассути лӯлаҳои полиэтиленӣ об оварда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода аснои суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, бунёдкориҳо идома дошта, саҳми сокинон дар ободонии диёр назаррас аст. 
- Хушбахтона, сокинон дарк намудаанд, ки рисолати ҳар фарди ватандӯст, пеш аз ҳама, бо шукргузорӣ аз ин фазои орому осудаи Ватан саҳм гузоштан дар тадбирҳои бунёдкорӣ ба хотири шукуфоии бештари Меҳан аст,- илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Таъкид шуд, ки соҳибкорону сокинон нақша доранд, ки дар оянда майдони варзиш бунёд намоянд, роҳҳои деҳотро обод созанд ва Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.
 
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор 
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив